Тӯли 2 сол ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 1,6 млн нафар гурезаҳо омаданд, – СММ

Asia-Plus

Афғонистон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин ва шадидтарин буҳрони башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад. 28,3 млн нафари рекордӣ – тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолӣ, аз ҷумла занону духтарон, ба кӯмак ва ҳимояи башардӯстона ниёз доранд.

Раёсатии Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) ва шарикон рӯзи 14 март дар як брифинги матбуотӣ дар Женева гуфтанд, ки дар соли 2023 барои кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон 4,62 млрд доллар ва иҷрои нақшаи минтақавии пуштибонӣ аз паноҳандагон ва оилаҳои онҳоро қабулкунанда дар кишварҳои ҳамсоя – 613 млн доллар маблағ лозим аст, хабар дода мешавад дар торнамои СММ.

Дар нақшаи вокуниш ба вазъи гурезаҳои минтақавӣ ҷудо гардидани маблағҳо барои афғонҳои кӯчбаста пешбинӣ шудааст, ки дар панҷ кишвари ҳамсоя: Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд.

Дар ин кишварҳо тақрибан 8,2 млн нафар шаҳрвандони Афғонистон иқомат доранд, ки беш аз 2 млн нафари онҳо гурезаҳои сабтиномшуда мебошанд.

Тибқи арзёбиҳо, аз соли 2021 1,6 млн нафар ба минтақа омадаанд. Зиёда аз 70%-и ниёзмандон занону кӯдакон мебошанд.

Дастгирии молиявӣ барои пешгирии гуруснагӣ, беморӣ, камғизоӣ ва марг хеле муҳим боқӣ мемонад. Даъвати кумак дар соли 2022 ҳамагӣ 52% маблағгузорӣ шуда, аз 623 млн доллари зарурӣ 321 млн доллар ҷудо шуд.

Бо вуҷуди камбуди маблағ, Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон ва шарикон тавонистанд миллионҳо афғонҳо ва кишварҳои мизбони онҳоро дастгирӣ кунанд. Корҳои муҳими башардӯстона дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, кӯмаки молиявӣ ва беҳтар кардани низоми таъминот бо обро тақвият дод.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сокинони зиёди манотиқи шимолии ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ бурданд ва зиндагӣ ихтиёр карданд.

Аксари онҳо дар ноҳияи Ваҳдат, наздикии пойтахти кишвар маскун шудаву зиндагӣ доранд. Қисме аз онҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати транзитӣ истифода кардаву ба кишварҳои сеюм сафар карданд, аммо то ҳол як теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

Дар хусуси теъдоди дақиқи онҳо маълумот дастрас нест, аммо бино ба маълумотҳои ғайрирасмӣ, теъдоди онҳо метавонад атрофи 10 ҳазор нафар бошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...