“Ба равияи мамнӯи “Салафия” шогирд омода мекард”. Боздошти домулло барои таълими ғайриқонунии динӣ

Нуриддин Тоҷибоев, сокини 41-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом ба гумони таълими ғайриқонунии динӣ ва шомил сохтани шогирдаш ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” гумонбар шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Нуриддин Тоҷибоев як ҷавонеро, ки мехост дониши динияшро такмил […]

Нуриддин Тоҷибоев, сокини 41-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом ба гумони таълими ғайриқонунии динӣ ва шомил сохтани шогирдаш ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” гумонбар шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Нуриддин Тоҷибоев як ҷавонеро, ки мехост дониши динияшро такмил диҳад, ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ҷалб кардааст.

Аз ҷавон ном бурда намешавад, вале ӯ дар барнома мегӯяд, ки “моҳи декабр ҳамроҳи бачаҳо нишаста будем. Домуллоро таъриф карданд, ки илмашон зӯр аст. Бо шавқи зиёд ба наздашон рафтам”.

“Ҷавони ҷалбшуда бо сабаби надоштани маълумоти динӣ, тавсияҳои мударрисро қабул намуда ва пайравӣ кардааст, то он даме, ки нодуруст ва ғайриқонунӣ будани он барояш маълум шавад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар навори ахбор гуфта мешавад, ки Нуриддин Тоҷибоев аз соли 2009 узви равияи “Салафия” буда, то ба имрӯз ба тарғиби он машғул будааст.

Мақомот мегӯянд, “аз манзили истиқоматии ӯ адабиёте дарёфт гардиданд, ки мазмун ва моҳияти он хусусияти экстремистиро дар бар мегирад”. Нуриддин Тоҷибоев ҳам мегӯяд, “китоби “Ҳадя”, муаллифаш ибни Босро мехондам”.

Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки равияи “Салафия” бо ҳалномаи Суди олии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2009 мамнӯъ эълон шудааст ва то кунун даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар бо ин ҷурм гунаҳкор шуда, равонаи зиндон гардидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.