Савдои хориҷии Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-феврали соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон каме бештар аз 1 млрд долларро ташкил дод, ки 124 млн доллар камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Тавозуни савдо манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот нисбат ба содирот 556 млн доллар зиёдтар аст.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 231 млн доллар молу маҳсулот содир шуд, ки қариб 50 млн доллар камтар нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2022 мебошад.

Қисмати зиёди содирот аз маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентрат, неруи барқ ва ғайра), фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо, фулузоти арзон (алюминий) ва маснуот аз он, маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он иборат аст.

Зиёда аз 60%-и гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба се давлат – Русия (22%), Чин (21%) ва Қазоқистон (20%) рост меояд.

Молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра асосан ба Қазоқистон (30,6% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (24,9%), Туркия (12,9%) ва Русия (10%) бароварда шудааст.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар ин давра 787 млн долларро ташкил додааст, ки 75% камтар дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2022 мебошад.

Аз хориҷи кишвар нисбатан зиёдтар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт), мошин ва таҷҳизот, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти саноати кимиё, маҳсулоти растанӣ ва маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ ворид карда шудааст.

Воридоти маҳсулот асосан аз Русия (27,1% аз ҳаҷми умумӣ), Қазоқистон (19,8%) ва Чин (18,4%) сурат гирифтааст.

Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 90 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дар ин давра Русия (23,2% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ), Қазоқистон (22,2%) ва Чин (19,9%) боқӣ мондаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...