Тақдими 32 ҳазор китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ дар арафаи моҳи Рамазон

Дар арафаи моҳи Рамазон 32 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Дар ин бора, имрӯз, 16-уми март, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-плюс” иттилоъ дод. Ӯ гуфт, бо дастгирии Президенти кишвар 32 ҳазор нусха китоби Қуръон бо сифати баланд дар нашриёти ЭРГРАФ […]

Дар арафаи моҳи Рамазон 32 ҳазор китоби муқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Дар ин бора, имрӯз, 16-уми март, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, бо дастгирии Президенти кишвар 32 ҳазор нусха китоби Қуръон бо сифати баланд дар нашриёти ЭРГРАФ нашр шуда, дар арафаи моҳи Рамазон аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ва мудирони бахши дини шаҳру ноҳияҳо ба мардуми кишвар тақдим мешавад.

“Китоби муқаддаси Қуръон ба забони тоҷикӣ аз ҷониби устоди марҳум Маҳмадҷон Умаров тарҷума шудааст ва оид ба дурустии тарҷумаи он аксари олимону коршиносони соҳаи дин хулосаи мусбат додаанд. Аз ин лиҳоз, ҷои шаку шубҳа дар тарҷумаи Қуръон вуҷуд надорад”, – зикр намуд Афшини Муқим.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон як дона китоби Қуръон дар дӯконҳои китобфурӯшӣ ҳудуди 100 сомонӣ ва бештар аз он нарх дорад.

Афшин Муқим гуфт, “бо даст додани имкониятҳои молӣ китоби Қуръон бо теъдоди боз ҳам бештар нашр ва ба мардум ройгон дастрас карда мешавад”.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросим гуфт, ки то соли 2014 дар кишвар атрофи 200 ҳазор нусха китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ нашр шуда буд ва ҳоло талабот бештар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки як ҳафта пас, 23-юми март дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз мешавад. Хулосаи мазкур имрӯз, зимни як ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар эълон карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.