Бар асари талафоти пиряхҳо, Тоҷикистон ба рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ таваҷҷуҳ мекунад

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумат аз 2 марти соли равон ба Вазорати энергетика ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки ҷиҳати сохтмони неругоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори кишвар, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 21,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шуда, ҳудуди 93,1%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 6,9% – дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) – дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил медиҳад, ки айни замон ҳамагӣ ҳудуди 4%-и он истифода мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ пас аз Чин, Русия, ИМА, Барзилия, Ҷумҳурии Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷаҳон зинаи 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ – мақоми 1-умро ишғол мекунад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давомнокии нурафшонии офтоб дар кишвар 2100-3166 соат дар як сол ва шумори рӯзҳои офтобӣ дар як сол аз 260 то 300 рӯзро ташкл медиҳад.

Иқтидори истифодаи энергия офтобӣ дар Тоҷикистон тибқи ҳисоби Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ, 3103 млрд кВт/соат дар як солро ташкил медиҳад. Иқтидори бодии кишвар мувофиқи арзёбии энергетикҳои ҷумҳурӣ, аз 30 то 100 млрд кВт/соат дар як солро ташкил медиҳад.

Қаблан рӯзи 15 март дар вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа хабар дод, ки аз равандаҳои манфие, ки бар асари тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, бахши энергетика низ дар канор намонд.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки обҳои дар неругоҳҳои барқӣ истифодамешуда аз пиряхҳо ба вуҷуд меоянд, ки мутаассифона, солҳои ахир тезтар об шуда истодаанд”, – изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи вазир, тайи сад соли ахир пиряхҳои Тоҷикистон 30%-и ҳаҷми худро талаф доданд.

“Тоҷикистон аз лиҳози мутобиқшавӣ ба воқеияти имрӯза, ният дорад, ки аз ҳисоби ҷорисозии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, истеҳсоли барқро зиёд кунад”, – зикр кард ӯ.

Вазир хабар дод, ки иқтидори муқарраршудаи неруи барқ аз ҳисоби энергияи офтобӣ ва бодӣ то соли 2030 бояд на камтар аз 700 МВт-ро ташкил диҳад.

“Дар ин самт аллакай дар ҳамдастӣ бо шарикон  лоиҳаи сохтмони якчанд неругоҳҳои офтобӣ таҳия мешавад”, – таъкид дошт ӯ.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, айни замон иқтидори умумии низоми электроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳудуди 6000 МВт баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” идома дошта, “дар оянда натанҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин мекунад, балки ба афзоиши ҳаҷми содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ мусоидат хоҳад кард”.

Ӯ татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории байниминтақавӣ, рушди энергияи сабз, бунёд ва таъмиру навсозии сарчашмаҳои нави истеҳсоли энергия, аз ҷумла ду неругоҳи барқӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшонро, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон сохта мешаванд, муҳим арзёбӣ намуд.

Далер Ҷумъа илова кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузории кишварҳои узви СҲШ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон зиёда аз 1,3 млрд долларро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...