Дар Душанбе зиёда аз ҳазор корду кастет ва дастчӯбҳо нобуд карда шуд

Комиссияи махсус бар асоси қарори қабулшуда зиёда аз 1000 адад яроқи сардро, ки давоми соли 2023 асосан аз наврасон ва ҷавонон дар пойтахти ҷумҳурӣ мусодира гардида буд, нобуд кард. Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, соли гузашта дар доираи амалиёти махсуси “Корд” дар пойтахт аз наврасону ҷавонон дар умум 1120 адад силоҳи сард аз […]

Asia-Plus

Комиссияи махсус бар асоси қарори қабулшуда зиёда аз 1000 адад яроқи сардро, ки давоми соли 2023 асосан аз наврасон ва ҷавонон дар пойтахти ҷумҳурӣ мусодира гардида буд, нобуд кард.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, соли гузашта дар доираи амалиёти махсуси “Корд” дар пойтахт аз наврасону ҷавонон дар умум 1120 адад силоҳи сард аз ҷумла: 766 адад корд, 335-адад кастет, 14-адад дастчӯб (бита), 4-адад электрошокер ва 1-адад табар дарёфту мусодира гардидааст.

“Нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ дар асоси Қарорҳои дахлдори Суд чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми чанд соли бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда, дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, маҳз дар натиҷаи ин чораандешиҳо сол то сол сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, махсусан ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегарданд, майли коҳишёбӣ дорад.

“Дар соли 2022 ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 14,4%, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби ноболиғон ба андозаи 46,1% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон дар соли сипаригардида амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонон низ 17,7% камтар содир шудааст”, – хабар медиҳад РВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиёти шартии «Корд» идома дошта, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётхои санҷишӣ дар байни наврасон минбаъд низ гузаронида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.