Харобиҳо дар се деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ. Хисороти заминларзаи ахир ҳисоб мешавад

Asia-Plus

Дар пайи заминларзаи ахир, ки шиби имрӯз, 23-юми март, соати 01:07 дақиқа рух дод, се деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бар асари зилзила “асосан иншооти ёрирасон, яъне оғилу говхонаҳо, ки бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, осеб дидаанд”.

Аз ин ниҳод таъкид карданд, ки биноҳои истиқоматӣ тахриб наёфта, танҳо дар деворҳои онҳо тарқишҳо мушоҳида мешаванд.

“Ҳоло комиссия оид ба муайян кардани хисорот дар ҷойи ҳодиса кор мекунад”, – қайд карданд дар КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони “Тоҷикистон” хабар медиҳад, ки ҳоло дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳузур дорад. Бояд гуфт, ки ӯ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳбари Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳисоб кардани хисороти аз азминларза расида таъйин гардидааст.

Зимнан, як корбари Фейсбук бо номи Фитрати Ҳикмат дар саҳифааш аксҳо аз маҳалли ҳодисаро нашр кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 23-юми март, соати 01:07 дақиқа Тоҷикистонро зилзилаи давомдор такон дод.

КҲФ бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки маркази заминларза 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт,  30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда,   маркази заминларза    6-7 километр  шимол аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд воқеъ будааст.

Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5-6  балл,  шаҳри Душанбе 3-4 балл, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 4-5 балл, минтақаи  Рашт  4-5 балл ва  дар ВМКБ  2-3 баллро ташкил дод.

Зикр мегардад, ки тибқи маълумоти гирифташуда аз  ҳудуди шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21 март, соати 21:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон ва бархе аз кишвраҳои дигар заминларзаи сахт рух дод. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Дар ҳамаи кишварҳое, ки таконҳо эҳсос шуд, мардум шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.

Таконҳои сахт дар Покистон, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос шуданд.

Дар Тоҷикистон заминларза дар саросари ҷумҳурӣ эҳсос шуда, дар ин бора сокинони Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Дарвоз, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо дар шабакаҳои иҷимоӣ хабар доданд. Бисёре аз сокинон бо тарси таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) манзилҳои худро тарк карда, муддати зиёд дар берун қарор доштанд.

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 268-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар музофоти Қундузи Афғонистон ҷойгир будааст.

Ба иттилои зилзилашиносони тоҷик,  қувваи заминларза дар умқи 195 километр воқеъ буда, дар марказаш 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5 баллро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...