“Ба иғво дода нашавед”. Мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Дирӯз, 22-юми март, дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд бо иштироки роҳбарони вилоятҳо  – Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев баргузор гардид. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек низ ширкат варзиданд. Манбаъ […]

Дирӯз, 22-юми март, дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд бо иштироки роҳбарони вилоятҳо  – Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек низ ширкат варзиданд.

Манбаъ менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини зиндагии орому осудаи мардуми наздимарзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марзро муҳокима намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш додаанд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.

“Мардуми наздимарзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд”, – таъкид гардидааст дар мулоқот.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот итттилоъ дода шудааст, ки “бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст”.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин низ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки мушаххасан дар ин замина чӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳои навбатӣ Қирғизистон аз 21 майи соли 2021 якҷониба сарҳади худро бо Тоҷикистон баст

Охирин муноқишаи бузург миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар марзи миёни ҷонибҳо рух дод, ки дар он беш аз 100 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.