Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд

Баъди боздошти Эван Гершкович, журналисти “The Wall Street Journal” аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии амният (ФСБ) Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки Русияро тарк кунанд. Дар ин бора BBC иттилоъ медиҳад. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА гуфт, “амрикоиҳо бояд ба маъмурияти президенти худ гӯш диҳанд ва ба Русия нараванд”. Ин маротиба аввал нест, […]

Asia-Plus

Баъди боздошти Эван Гершкович, журналисти “The Wall Street Journal” аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии амният (ФСБ) Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки Русияро тарк кунанд. Дар ин бора BBC иттилоъ медиҳад.

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА гуфт, “амрикоиҳо бояд ба маъмурияти президенти худ гӯш диҳанд ва ба Русия нараванд”.

Ин маротиба аввал нест, ки мақомоти Амрико аз шаҳрвандони худ тақозои тарки Русия мекунанд. Дар оғози низои Русия ва Украина низ низ Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дода буд, ки Русияро тарк кунанд.

Ҳамчунин, Кохи сафед низ бо нашри изҳорот “таъқиби шаҳрвандони Амрико аз сӯи мақомоти Русияро ғайриқобили қабул” номид.

Эван Гершкович 30-юми март, ҳангоме ки дар бораи ширкати низомии хусусии “Вагнер” дар Екатеринбург матлаб таҳия мекард, нопадид шуд. Баъдтар Хадамоти федералии амнияти Русия гуфт, ки ин журналистро бо гумони ҷосусӣ боздошт кардааст.

“Рӯзноманигор бо дастури ИМА дар бораи яке аз корхонаҳои саноати низомии Русия иттилоъ ҷамъ меовард”, – гуфтааст Хадамоти федералии амнияти Русия.

Гуфтан ба маврид аст, ки Эван Гершкович шаш сол ин ҷониб дар Русия кор мекард ва ба ҷуз аз “The Wall Street Journal” бо “Agence France-Presse”, “The Moscow Times” ва “The New York Times” ҳамкорӣ дошт.

Дар сурати исботи ҷурми ҷосусӣ Эван Гершковичро метавонанд аз 12 то 20 сол зиндонӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.