Иттиҳоди Аврупо занон – фермеронро дастгирӣ мекунад

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER-и Иттиҳоди Аврупо Ташкилоти ҷамъиятии CBER Sugd-ро дар сохтмон ва ифтитоҳи ду гармхонаи муосир дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дастгирӣ намуд. Гармхонаҳои инноватсионӣ, ки масоҳати ҳар кадомашон 250 м2 мебошад, барои фароҳам овардани микроиқлими мусоид барои парвариш ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус помидор пешбинӣ шудаанд. Танҳо дар яке аз […]

Иттилоияи расмӣ IRDP / TRIGGER

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER-и Иттиҳоди Аврупо Ташкилоти ҷамъиятии CBER Sugd-ро дар сохтмон ва ифтитоҳи ду гармхонаи муосир дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дастгирӣ намуд.

Гармхонаҳои инноватсионӣ, ки масоҳати ҳар кадомашон 250 м2 мебошад, барои фароҳам овардани микроиқлими мусоид барои парвариш ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус помидор пешбинӣ шудаанд. Танҳо дар яке аз гармхонаҳо деҳқонон метавонанд, ки зиёда аз 210 ҳазор бех ниҳол парвариш карда, баъди ба охир расидани мавсими ниҳолҳо бештар аз 3000 килограмм помидори барвақтӣ руёнанд.

Гармхонаҳои инноватсионӣ барои дастгирии занони деҳқон, ки дар деҳот навоварӣ мекунанд, сохта шудаанд.

Абдуллоева Ситора ва Юсупова Умеда дар парвариши ниҳолҳои помидор аз технологияи самарабахш истифода мебаранд. Гармхонаҳо инчунин ҳамчун майдони намоишӣ хизмат мекунанд, ки дар он таҷрибаҳо оид ба парвариши ниҳолҳои помидор дар кассетаҳо ва пиёлаҳои алоҳида ва дар замин гузаронида мешаванд.

Онҳо беҳтарин тухмии помидорро месанҷанд, ки дар ҷараёни сафари аъзоёни гурӯҳи истеҳсолӣ ба минтақаи ҳамсоя, ки дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER ташкил карда шудаву аз Ӯзбекистон оварда шудаанд.

Абдуллоева Ситора 20 сол боз ба парвариши помидор машғул аст. Вай ҳар сол пеш аз оғози мавсим аз бозор ниҳол мехарад, вале аз сабаби паст будани сифати ниҳолҳо ва мувофиқ набудани навъ интизориҳояшон аз ҳосили фаровон дуруст нест.

Идеяи гармхонаҳо ба занони деҳот дар маҷлиси навбатии коллективи истеҳсолӣ рӯйи кор омад. Ҳамин тавр, онҳо метавонанд аз шинондани ниҳолҳои пастсифат, ки ба ноҳия номувофиқанд, канора гиранд ва дар натиҷа фурӯши маҳсулот ва даромади занони деҳқонро зиёд кунанд.

«Гармхона бо системаи танзимшавандаи вентилятсия барои сари вақт назорат кардани ҳарорат сохта шудааст, ки ин яке аз омилҳои муҳими нашъунамои ниҳолҳо мебошад, – мегӯяд Абдуллоева Ситора, – технологияи парвариши ниҳолҳо дар кассетаҳо низ ҷорӣ карда шуд».

Баланд бардоштани ҳосилнокии занҷирҳои арзиши кишоварзӣ – ҳадафи баланд бардоштани устувории иқтисодии деҳқонони хурд ва миёна бо таваҷҷӯҳи хоса ба гурӯҳҳои ҷавонон ва занон мебошад.

Ҳамин тариқ, лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори деҳқонон тавассути эҷоди иншооти нави инфрасохторӣ ва беҳтар кардани шароит барои пешбурди тиҷорат мусоидат мекунад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: [email protected].

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.