Сел дар Панҷ. 100 манзили истиқоматӣ зарар дид

Дар пайи боришоти зиёди борон ва омадани сел беш аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷ зарар дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест, аммо хисорот ҳисоб мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки соати 01:30 дақиқаи рӯзи 4-уми апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Пахтакор ва Селгаи ноҳияи Панҷ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар пайи боришоти зиёди борон ва омадани сел беш аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷ зарар дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест, аммо хисорот ҳисоб мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, ки соати 01:30 дақиқаи рӯзи 4-уми апрел дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Пахтакор ва Селгаи ноҳияи Панҷ сели азим омада, таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кардааст.

“Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводае, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод”, – хабар медиҳад КҲФ.

Ба гуфтаи манбаъ, барои роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода ба ноҳияи Панҷ рафтааст ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи вилоятии Хатлон иттилоъ медиҳад, ки шаби 3 ба 4-уми апрел дар натиҷаи боришоти зиёди борон зиёда аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ лойю селоба даромада, зарар расонид.

Ба навиштаи ин расона, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо раванди бартарафсозии офати табиӣ дар Панҷ ошно шуда, супориш додааст, ки хисороти расида ҳисоб карда шавад.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд роҳҳо, таҳхона ва ҳатто чанде аз хонаҳои истиқоматӣ зери лойоба монда, шуморе аз чорвоҳо фавтида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.