Оқибати сел дар Хуҷанд. Роҳ, хона ва таҳхонаҳо зери лойоба монда, чорвоҳо талаф ёфтаанд

Бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд роҳҳо, таҳхона ва ҳатто чанде аз хонаҳои истиқоматӣ зери лойоба монда, шуморе аз чорвоҳо фавтидаанд. Кормандони КҲФ ба бартарафкунии оқибатҳои офати табии машғуланд. “Кормандони мо 6 нафарро аз минтақаи хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчониданд ва ду мошини сокинонро аз зери лойоба берун карданд”, – гуфт Диловар […]

Авзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд роҳҳо, таҳхона ва ҳатто чанде аз хонаҳои истиқоматӣ зери лойоба монда, шуморе аз чорвоҳо фавтидаанд. Кормандони КҲФ ба бартарафкунии оқибатҳои офати табии машғуланд.

“Кормандони мо 6 нафарро аз минтақаи хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчониданд ва ду мошини сокинонро аз зери лойоба берун карданд”, – гуфт Диловар Ҳамдамов, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд.

Аз  КҲФ гуфтанд, шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сел омадааст.

“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст", – гуфтанд дар КҲФ.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст”, – таъкид мекунад КҲФ.

Сокинон низ аз хароб шудани хонаву талаф ёфтани молу чорвояшон хабар медиҳанд. Аз ҷумла, Раҳбар Ҷӯраева, ки дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, дар пайи омадани лойоба мурғу чорвояшро талаф додааст.

“Баъди борони шадид сел омад. Бо писарам ва хушдоманам аз хона баромадем ва шабро дар хонаи ҳамсоя рӯз кардем. Субҳ дидам, ки ҳолат чунин аст: 40 мурғ ва чорвои калонам талаф ёфтаанд”, – мегӯяд Раҳбар Ҷӯраева

Камолиддин Холматов, ҳамсояи ин зан ҳам аз офат зарар дидааст. Деворҳои хонааш афтидаву хароб шудаанд. Ӯ хонаҳоро таъмир карда, ният дошт, ки кӯчида ба ин ҷо ояд.

Ӯ мегӯяд, чанд сол пеш ҳам чунин сел омада, харобиҳои зиёд карда буд.

“Вақте ин ҷо омадам, ними хона зери об монда буд. Ҳоло бо ёрии кормандони КҲФ ва ҳамсояҳо хонаҳоро аз лойоба тоза мекунем”, – мегӯяд Камолиддин Холматов.

Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.