Рӯзи пойтахти Тоҷикистон чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба 15 апрел рост меояд. Консерти асосӣ ба ин муносибат дар толори “Кохи Суруш” соати 14:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе. Дар ҳамин ҷо то оғози консерт маросими  тақдими ҷоиза ва мукофтпулиҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, имсол ба 15 апрел рост меояд.

Консерти асосӣ ба ин муносибат дар толори “Кохи Суруш” соати 14:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе. Дар ҳамин ҷо то оғози консерт маросими  тақдими ҷоиза ва мукофтпулиҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ доир мегардад.

Дар барномаи консерт ҳунарнамоии сарояндагони маъруф ва дастаҳои рақсӣ, инчунин овозхонҳои писандидаи эстрада пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар Рӯзи пойтахт баргузории маъракаҳои тозакунии шаҳр, чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва фарҳангӣ дар боғҳо ва ҷашнвораи мактабҳои мусиқии кӯдакон ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, соати 8-и субҳи рӯзи 15 апрел дар Душанбе ниммарафони 13-ум оғоз мегардад. Дар он штироки варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения, Эфиопия ва дигар давлатҳо дар назар аст.

“Дар робита ба баргузории ниммарафон аз соати 8 қисмате аз роҳҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (роҳи бетонӣ) то гардиш ба Чорбоғ, хиёбони Рӯдакӣ то майдони Дӯстӣ (то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ) баста мешаванд, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. – Марафон то соати 11 идома меёбад. Аз ронандагон дархост мешавад, ки дар вақт аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд”.

Ниммарафон дар Душанбе аз соли 2010 баргузор мешавад. Соли 2013 Ниммарафони Душанбе ба тақвими бозиҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии марафонҳо ва давидан ба масофаҳои дароз дохил шуд. Масофаи он 21 километру 97,5 метрро ташкил медиҳад.

Ба ғолибони ниммарафон низ дар консерти дар боло зикршуда дар “Кохи Суруш” ҷоизаву мукофтпулиҳо тақдим мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.