Беш аз 4 млн сомонӣ хисороти заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Тибқи маълумоти пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд хисороти заминларзаи 23-уми марти соли равон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ  муайян шудааст. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид карданд, ки ин маълумоти пешакӣ буда, метавонад тағйир […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд хисороти заминларзаи 23-уми марти соли равон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ  муайян шудааст. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид карданд, ки ин маълумоти пешакӣ буда, метавонад тағйир ёбад.

Маъруф Муҳаммадзода, мудири бахши сохтмони ҳукумати вилояти Суғд ва аъзои гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “ба маблағи беш аз 1 миллиону 63 ҳазор сомонӣ танҳо хонаҳои истиқоматии мардум осеб дидааст”.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар умум 318 хона зарар дидаанд. Аз ҷумла, 4 хона пурра ва 53 хона қисман вайрон шуда, 261 хона зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 18 сар чорвои калон ва 27 сар чорвои майда талаф ёфтааст. Дар баробари ин, 776 метр ҷӯйбор хароб гардидааст.

“4 хонаи пурра харобгардида аз нав сохта мешаванд ва корҳо оғоз ёфтаанд. Барои бозсозии 53 иншооти қисман зарардида аз ҷониби ҳукумати вилояту ноҳия масолеҳи сохтмонӣ дастрас мегардад. Кӯмакҳои озуқаворӣ низ ба мардум расонида мешаванд” – афзуд Маъруф Муҳаммадзода.

Бояд гуфт, ки то ин лаҳа ба зарардидагони заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Конибодом ва Мастҷоҳ низ кӯмак намуданд.

Ҳамчунин, Сафорати Арабистони Саудӣ низ кӯмакҳои аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон тақдимшударо ба сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ расонид.

Хотиррасон мекунем, ки 23-уми марти соли равон, соати 01:07 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 6-7 километр дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5-6, дар ноҳияи Рашт 4-5 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балл арзёбӣ гардид.

Дар натиҷаи ин офати табии асосан сокинони деҳаи Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёна, Роғ, Самҷон ва Худгифи Болои Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.

Тибқи хулосаи комиссия сабаби хароб ва вайрон гаштани манзилҳои истиқоматии шаҳрвадон ин риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо ва истифодабарии тулонии онҳо мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.