“Хонаҳо бетаҳкурсӣ ва фарсуда буданд”. Хисороти заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта 318 хона осеб дида, аз ин шумор 4-тоаш пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз шумори умумии биноҳои харобшуда, ки бештар дар деҳаи Палдорак […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта 318 хона осеб дида, аз ин шумор 4-тоаш пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумори умумии биноҳои харобшуда, ки бештар дар деҳаи Палдорак (165 хона) аст, маҳз дар ҳамин ҷо 4 хона пурра, 37 бинои дигар қисман ва 124 бино сабук осеб дидаанд.

“Тибқи хулосаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, биноҳои истиқоматии харобшуда ва иншооти ёрирасон бидуни риояи қоидаву қоидаҳои сохтмонӣ сохта шудаанд”, – гуфт сухангӯ.

Умеда Юсуфӣ афзуд, ки ҳамаи биноҳои харобшуда дар нимҳамворӣ ва теппаҳо ҷойгир буда, таҳкурсӣ надоштанд, девору чӯбу тахтаашон фарсуда ва муҳлати истифодаашон ба охир расида буд.

Ба гуфтаи номбурда, дар пайи ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда ба ҳалокат расидаанд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони гуногуни кишвар барои осебдидагони зилзила дар Кӯҳистони Мастчоҳ кумак фиристоданд.

Бояд гуфт ки 23 март дар кишвар ду заминларза ба қайд гирифта шуд. Аввалин ҳодиса соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфта шудааст.

Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.

Заминларзаи дуввум дар умқи 40 километр соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, ин дафъа қувваи зилзила 4,8 балро ташкил додааст. Дар шаҳри Душанбе қувваи заминларза 1-2 бал ва дар минтақаи Рашт 2 балро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки худи ҳамон рӯз таҳти роҳбарии сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 26 март, соати 18:14 ба вақти маҳаллӣ боз заминларза рух дод. Маркази заминларза ин дафъа дар 291 километр ҷанубу шарқи Душанбе ва 129 километр аз Хоруғи Афғонистон гуфта мешавад. Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4 балл, дар Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова