Як муҳоҷири тоҷикро барои 100 сол аз Русия рондаанд

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро "барои вайрон кардани қоидаи будубош" ба муддати 100 сол аз Русия рондаанд. Нусхаи қарори ихроҷи Алиҷон Раҳмоновро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров нашр кард. Бар асоси он, ин муҳоҷири 26 – солаи тоҷик тоҷик аз 3-юми апрели соли 2023 то 2123 ҳаққи даромаданро ба Русия надорад. Назари мақомоти Русия маълум нест. […]

Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро "барои вайрон кардани қоидаи будубош" ба муддати 100 сол аз Русия рондаанд. Нусхаи қарори ихроҷи Алиҷон Раҳмоновро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров нашр кард.

Бар асоси он, ин муҳоҷири 26 – солаи тоҷик тоҷик аз 3-юми апрели соли 2023 то 2123 ҳаққи даромаданро ба Русия надорад.

Назари мақомоти Русия маълум нест. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, гуфт, “Алиҷонро танҳо барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор кардаанд.”

“Дар гузашта як ҷавони дигари тоҷикро барои 99 сол аз Русия ронда буданд, вале бори аввал шоҳиди як аср ихроҷ шудани муҳоҷир аз Русия мешавем,” – афзуд ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, чунин тасмимҳоро баъзе аз мақомдорони рус замоне мегиранд, ки “муҳоҷирон барои дифоъ аз ҳуқуқи худ пойфишорӣ мекунанд”.

Дар чанд соли охир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд. Маъмулан муҳоҷиронро аз 3 то 25 сол хориҷ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.