Бадахшон пешсафу Суғд дар ҷои охир. Нақшаи даъват ба артиш 40 дарсад иҷро шуд

Date:

Дар 10 рӯзи аввали оғози маъракаи даъват ба артиш, нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)  нахустин шуда нақшаи даъватро иҷро карданд.

Ҳамчунин, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонидаанд. Нақшаи даъват ба артиш дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 57 дарсад иҷро шудааст.

“Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 34 фоизро ташкил дода, ноҳияи Вахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дод”, – хабар медиҳад Вазорати дифоъ.

Манбаъ менависад, ки дар давоми 10 рӯз вилояти Суғд нақшаи даъватро ба артиш 26 дарсад ва шаҳри Душанбе 30  дарсад иҷро кардаанд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол низ чанд наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки сокинон онро сарбозшикор меноманд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар бораи шеваҳои даъвати ғайриқонунӣ ба артиш дар инҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...