Ҷасади кӯдаки дусоларо Консулгарии Тоҷикистон дар Санк -Петербург ба Тоҷикистон мефиристад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри СанкПетербург ҷасади кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки бар асари афтидан аз ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Русия, дирӯз, 12-уми апрел дар беморхона даргузашт, ба Тоҷикистон мефиристад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Сафорат гуфтааст, ки аз марги кӯдак дар ҷараён буд, “тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтида изҳор менамояд”.

“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида ҷиҳати интиқол додани ҷасад ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, – омадааст дар иттилоияи Сафорат.

Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки шабона вазъи саломатиаш бадтар шуд ва “табибон ҳаёти кӯдакро наҷот дода натавонистанд”.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш як кӯдаки 2-солаи тоҷик аз қабати 4-уми бино ба замин сарозер шуда, бо захмҳои ҷиддӣ ба беморхона бурда шуд.

Гуфта мешавад, ки кӯдак аз беэҳтиётии волидайн ба замин афтодааст. Дар вақти ҳодиса, волидайнаш ба рӯбучин машғул буданд ва кӯдак ҳангоми баромадан ба панҷараи тиреза, ки дар сатҳи диван буд, аз тирезаи кушода ба замин сарозер шудааст.

Падари кӯдак 10 моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта, зану фарзандонаш (ба ҷуз кӯдаки марҳум дар хонавода ду кӯдаки дигар ҳастанд)-ро ба наздаш хонда буд.

Пас аз ин ҳодиса модарро ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ба гуфтаи Назарӣ, ҳоло ин зан озод шуда, ба Тоҷикистон меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...