Ҷасади кӯдаки дусоларо Консулгарии Тоҷикистон дар Санк -Петербург ба Тоҷикистон мефиристад

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санк–Петербург ҷасади кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки бар асари афтидан аз ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Русия, дирӯз, 12-уми апрел дар беморхона даргузашт, ба Тоҷикистон мефиристад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. Сафорат гуфтааст, ки аз марги кӯдак дар ҷараён буд, “тасаллияти амиқи […]

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри СанкПетербург ҷасади кӯдаки 2-солаи тоҷик, ки бар асари афтидан аз ошёнаи 4-уми бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Тосненскийи вилояти Ленингради Русия, дирӯз, 12-уми апрел дар беморхона даргузашт, ба Тоҷикистон мефиристад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Сафорат гуфтааст, ки аз марги кӯдак дар ҷараён буд, “тасаллияти амиқи худро ба хешу пайвандони фавтида изҳор менамояд”.

“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида ҷиҳати интиқол додани ҷасад ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, – омадааст дар иттилоияи Сафорат.

Ҳомидҷон Назарӣ, консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки шабона вазъи саломатиаш бадтар шуд ва “табибон ҳаёти кӯдакро наҷот дода натавонистанд”.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш як кӯдаки 2-солаи тоҷик аз қабати 4-уми бино ба замин сарозер шуда, бо захмҳои ҷиддӣ ба беморхона бурда шуд.

Гуфта мешавад, ки кӯдак аз беэҳтиётии волидайн ба замин афтодааст. Дар вақти ҳодиса, волидайнаш ба рӯбучин машғул буданд ва кӯдак ҳангоми баромадан ба панҷараи тиреза, ки дар сатҳи диван буд, аз тирезаи кушода ба замин сарозер шудааст.

Падари кӯдак 10 моҳ пеш аз Тоҷикистон ба Русия барои кор рафта, зану фарзандонаш (ба ҷуз кӯдаки марҳум дар хонавода ду кӯдаки дигар ҳастанд)-ро ба наздаш хонда буд.

Пас аз ин ҳодиса модарро ба далели надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ба гуфтаи Назарӣ, ҳоло ин зан озод шуда, ба Тоҷикистон меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.