Сироҷиддин Муҳриддин ба Самарқанд рафт. Амирхон Муттақӣ ҳам ба ин шаҳр меравад

Алимшоҳ Меҳрзода, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми апрел, барои иштирок дар се нишасти Самарқанд, ки дуи он ба вазъи Афғонистон бахшида мешавад, озими ин шаҳр шуд. Дар ин бора аз ВКХ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин нишастҳо имрӯз ва пагоҳ, 13 ва 14-уми апрел, баргузор мешавад ва Сироҷиддин Муҳриддин нигоҳи Тоҷикистонро вобаста ба мавзӯъҳои баррасишаванда ироа мекунад.

“Дар шаҳри Самарқанд се нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст. Вохӯрии вазирони кишварҳои ОМ ва Русия, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишастҳо иштирок ва суханронӣ мекунад”, – гуфтанд дар ВКХ.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон низ барои ишитирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон, ба Самарқанд хоҳад рафт.

Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон, субҳи рӯзи панҷшанбе, 13-уми апрел, дар Твиттери худ аз сафари ҳайати Толибон* бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ ба шаҳри Самарқанд хабар додааст.

Ба гуфтаи Зиё Аҳмад, интизор меравад, дар ҳошияи нишасти чаҳоруми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Амирхон Муттақӣ бо як идда вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсоя дидору гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом диҳад.

Аммо муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон мушаххас нагуфтааст, ки Муттақӣ бо вазирони хориҷаи кадом кишварҳо мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.

Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ нагуфтанд, ки оё Сироҷиддин Муҳриддин бо Амирхон Муттақи мулоқот хоҳад кард ё не.  

Сафари Амирхон Муттақӣ ба Самарқанди Ӯзбекистон дар ҳолест, ки Толибон ба се нишасти қаблии вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват нашуда буданд.

Ин чаҳорумин даври нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ҳузури вазирони хориҷаи Русия, Тоҷикистон, Чин, Эрон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...