Ҳалокати ягона писари Озарахш ва Фарзона дар дарёи Сир

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ҳумоюн Каримзодаи 21-сола, ягона писари шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева) дар дарёи Сири  шаҳри Хуҷанд  ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса  рӯзи 13 апрели рух дода,  бегоҳӣ ҷасадашро аз об берун баровардаанд. Дар ин бора наздикону пайвандони шоирон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Каримзода донишҷӯи шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд. 

Ӯ фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи ин ҷуфти маъруф, дар донишгоҳ таҳсил мекард ва гоҳо овозхонӣ ҳам мекард. Чанд  сабти ҳунарнамоии ӯ бо падараш Озарахш ва амакбачааш Фараҳманд Каримов, ки низ аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар Интернет нашр шудааст.

Озарахш (Толиб Каримов) сармуҳаррири Нашрияи "Паёми Суғд", шоир ва таронасарои маъруф буда, дар маҳфилҳо  овозхонӣ ҳам мекунад. Ҳамсари ӯ Фарзона (Иноят Хоҷаева)-ро, ки дар кишвар устоди шеъри муосир ном мебаранд, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагон ба номи Турсунзода (1995), ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) буда, ҳарду бо унвони баланди Шоирони халқии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.

Хабари марги Ҳумоюн шаби гузашта соати 22:30 дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва то ин дам садҳо нафар ба оилаи шоирони халқи изҳори тасаллият навишта, баъзе аз шоирон сӯгномаҳо нашр кардаанд.

Аз ҷумла, Иттифиқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ба ду шоири халқии Тоҷикистон тасаллият гуфтааст.

Ҷанозаи Ҳумоюн  Каримзода имрӯз соати 10:00 дар кучаи Саид Носирови маҳаллаи Пахтакор, ҳавлии шоирони халқӣ Фарзона  ва Озарахш баргузор мешавад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум, махсусан шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...