Теъдоди зарурии муҳоҷиронро барои Русия ҳисоб карданд

Демографҳои Пажуҳишгоҳи Мактаби олии иқтисод (НИУ ВШЭ) теъдоди зарурии муҳоҷирон барои Русияро ҳисоб кардаанд. Ҳамин тариқ, коршиносон ба хулосае омаданд, ки барои нигоҳ доштани шумори аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 млн муҳоҷир ҷалб карда шавад. Таҳқиқоти дахлдор дар ин бора аз ҷониби олимони Донишкадаи демографияи ба номи А. Вишневскии Пажуҳишгоҳи […]

Asia-Plus

Демографҳои Пажуҳишгоҳи Мактаби олии иқтисод (НИУ ВШЭ) теъдоди зарурии муҳоҷирон барои Русияро ҳисоб кардаанд. Ҳамин тариқ, коршиносон ба хулосае омаданд, ки барои нигоҳ доштани шумори аҳолӣ дар кишвар бояд солона аз 390 ҳазор то 1,1 млн муҳоҷир ҷалб карда шавад.

Таҳқиқоти дахлдор дар ин бора аз ҷониби олимони Донишкадаи демографияи ба номи А. Вишневскии Пажуҳишгоҳи Мактаби олии иқтисод Валерий Юмагузин ва Мария Винник омода шудааст. Он дар маҷаллаи «Новая экономическая ассоциация» нашр шудааст, менависад lenta.ru.

Олимон зикр карданд, ки вобаста ба сенарияҳои гуногуни таваллуд ва фавт, сатҳи афзоиши солонаи ҷуброн аз муҳоҷират дар солҳои 2021-2023 бояд ба 460-1200 ҳазор нафар мувофиқат кунад. «Ин назар ба сенарияҳои воқеии муҳоҷират 2-6 маротиба ва ҳатто аз сенарияи баланди муҳоҷират 1,5-4,5 маротиба зиёдтар аст», – шарҳ доданд онҳо.

Муҳаққиқон таъкид доштаанд, ки бидуни муҳоҷирон таъмини афзоиши аҳолии Русия ғайриимкон аст. Дар шароити мусоид, агар ба як зан 2,5 кӯдак рост ояд ва умри миёнаи мардону занон мутаносибан 85,7 ва то 90,5 сол бошад, зарурати ҷараёни вуруди муътадили муҳоҷирон то соли 2036 идома ёфта, коҳиши шумори аҳолӣ то соли 2026 давом мекунад.

Дар ҳоле ки сенарияи манфӣ коҳиши сатҳи таваллудро то 1,4 кӯдак ба як зан пешбинӣ мекунад (ин нисбат ба Италия, Испания ва Юнон ҳоло ҳам баландтар аст) ва коҳиши давомнокии умри мардон ва занон мутаносибан то 74,9 ва 83,6 сол кам мешавад.

Аввали соли ҷорӣ шумори аҳолии Русия 146,45 млн нафарро ташкил дод, ки 0,5 млн нафар камтар нисбат ба аввали соли 2022 мебошад.

Моҳи феврал демограф Алла Иванова коҳиши таваллудро дар Русия ба калонсол шудани занони дар солҳои 1990 таваллудшуда марбут донист.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.