Дар Тоҷикистон борону жола ва раъду барқ дар назар аст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 15 то 17 апрел дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор бо боришоту раъду барқ ва жола дар назар аст, хабар медиҳанд обуҳавошиносон.

Бахусус дар минтақаи шарқи кишвар, ВМКБ борони бисёр борида, он то 18 апрел идома меёбад.

Дар вилояти Суғд 15 апрел рӯзона ва 16 апрел шабона борон борида, раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар рӯзҳои дигар аз 17 то 19 апрел ҳаво соф шуда, боришот пешгӯӣ нашудааст.

Дар Душанбе рӯзи шанбе борон намеборад, лекин рӯзҳои 17 ва 18 апрел боришот аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 19 апрел боришот ба охир расида, ҳарорат то 35 дараҷа гарм мешавад.

Ба сурати умум, дар Ноҳияҳои тобеи марказ шабона ҳаво сард ва рӯзона дар водиҳо гарм шуда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон борони шадид, раъду барқ ва жола дар назар аст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа, рӯзона 17-33 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаррат шабона 2-7 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...