Футболбоз аз Беларус дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кардан мехоҳад

Ҳимоятгари тими “Металлург”-и Бекобод (Ӯзбекистон), собиқ узви дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Владислав Косминин изҳор доштааст, ки дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кардан мехоҳад. Дар ин бора Фергана хабар медиҳад. “Мехоҳам, ки ба рӯйхати бозигарони тими миллӣ шомил шуда, минбаъд ба мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ кумак кунам”, – иброз доштааст Косинини 33-сола. Футболбоз дар […]

Ҳимоятгари тими “Металлург”-и Бекобод (Ӯзбекистон), собиқ узви дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Владислав Косминин изҳор доштааст, ки дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кардан мехоҳад. Дар ин бора Фергана хабар медиҳад.

“Мехоҳам, ки ба рӯйхати бозигарони тими миллӣ шомил шуда, минбаъд ба мунтахаби Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ кумак кунам”, – иброз доштааст Косинини 33-сола.

Футболбоз дар бораи сармурабии мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт назари мусбат изҳор кардааст.

“Аз номи худам гуфта метавонам, ки даста як силсила бозиҳои хуб нишон дод, вазъияту муҳит ҳам дар даста мусоид буда, ба натиҷаҳо ноил мешавад ва кор дар он хурсанд мекунад”, – гуфтааст Косминин.

Сармураббӣ Сегрт мухолиф нест, ки Косминин бозигари мунтахаби Тоҷикистон шуда, дар аввалин мусобиқаи Ҷоми Осиё, ки моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар Қатар доир мегардад, иштирок кунад.

Маълумот дар бораи ба дуруст кардани расмиёти гирифтани шиносномаи Тоҷикистон машғул шудани Владислав Косминин ҳанӯз моҳи декабри соли 2022 пайдо шуда, лекин то нимаи моҳи апрели соли равон дар мавриди гирифтани санад, футболбоз ба пешрафте даст наёфтааст.

Косминин аввалин футболбозе нест, ки мехоҳад дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон бозӣ кунад. Пеш аз ӯ ҳимоятгар аз Гана Дэвид Мавутор ва дарвозабон аз Сербия Никола Стошич шиносномаи Тоҷикистонро гирифтанд, лекин то ҳол дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ накардаанд.

Владислав Косминин бозии касбиро дар дастаи “Нафтан”-и Беларус соли 2005 оғоз кардааст. Дар ҳайати дастаҳои «Полоцк», «Гранит», «Волна», «Витебск» ва «Неман»-и Беларус бозӣ кардааст. Соли 2017 ба Осиёи Марказӣ омад. Аввал дар ҳайати дастаи "АГМК"-и Алмалиқ ва сипас "Окжетпес"-и Кокшетау бозӣ кардааст.

Соли 2019 ба “АГМК” баргашта, аммо аллакай баъди ним сол ба “Қизилқум”-и Зарафшон гузашта, сипас ба “Тӯрон”-и Яйпон гузашт. Соли 2022 бо “Истиқлол”-и Душанбе қарордод баста, дар ҳайати ин даста қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва таваҷҷуҳи Сегртро ба худ ҷалб кард. Аввали соли 2023 Косминин ба “Металлург”-и Бекобод гузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.