Тавофуқи Тоҷикистону Чин оид ба сохтмони қитъаҳои боқимондаи роҳи Душанбе-Қулма

Рӯзи чоршанбе зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо шахсони расмӣ ва соҳибкорони шаҳри Қошғари Чин имкони ҷалби маблағгузорӣ аз ҷониби Чин барои сохтмон ва таъмиру навсозии қитъаҳои боқимондаи роҳи мошингарди “Душанбе – Қулма” баррасӣ шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҷо сари сохтмон ва таъмиру навсозии қитаҳои роҳ […]

Рӯзи чоршанбе зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо шахсони расмӣ ва соҳибкорони шаҳри Қошғари Чин имкони ҷалби маблағгузорӣ аз ҷониби Чин барои сохтмон ва таъмиру навсозии қитъаҳои боқимондаи роҳи мошингарди “Душанбе – Қулма” баррасӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҷо сари сохтмон ва таъмиру навсозии қитаҳои роҳ бо масофаи умумии 296 км сухан меравад. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, масофаи умумии роҳи автомобилгарди Душанбе – Қулма 1008 километрро ташкил медиҳад.

“Дар бораи дар ояндаи наздик ба имзо расидани санади расмӣ оид ба ин масъала созиш ҳосил шуд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки ба туфайли кумаки ҳукумати Чин (200 млн доллар) соли гузашта татбиқи лоиҳаи қисмҳои қитъаи калидии (Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон) навбати 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма  оғоз гардид.

Вазир таъкид дошт, ки дар ин лоиҳа сохтмон ва таъмиру навсозии 93 км роҳи автомобилӣ, 2 нақб бо дарозии 5,2 км, 5  долони нақлиётӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли борҳоро тариқи нуқтаи гузаришу назоратии “Қулма-Қаросӯ” баррасӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки ба қаламрави Чин гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистон тариқи ин нуқта моҳи феврали ҳамин сол пас аз танаффуси сесола бар асари пандемия оғоз гардида буд.

Чин бо ҳиссаи ҳудуди 17% ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад.

Соли гузашта Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар – Русия (ҳиссааш – 22,9%) ва Қазоқистон (19,7%) зиёдтар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Чин дар соли 2022 дар муқоиса бо соли пешин қариб 45% афзуда, зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил дод.

Зиёда аз 368 млн доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ва ҳудуди 842 млн доллар – ба воридоти молу маҳсулот аз Чин рост меояд.

Аз Тоҷикистон ба Чин асосан ашёи хом: минералҳои гуногун, фулузот (металлҳо)-и ранга ва нодир, нахи пахта, пӯст, инчунин матоъ аз абрешим ва абрешими хом, хушкмева ва ғайра содир мешавад.

Аз Чин ба Тоҷикистон дар навбати аввал маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, мошину таҷҳизот, инчунин номгӯи васеи маҳсулоти истифодаи умум аз қабили сарулибос, пойафзол, мебел, дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ ва ғайра ворид карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.