Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози сол 20% қимат шуданд

Нархи сабикаҳо ё худ “хиштҳо”-и тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози соли равон ба ҳисоби миёна ба андозаи 20% боло рафтанд. Арзиши сабикаи 5-грамма имрӯз, 17 апрел, 3 ҳазору 745 сомониро ташкил медиҳад, ки 616 сомонӣ зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст. Сабикаи 100-грамма 12 ҳазору 330 сомонӣ (20,4%) гаронтар шуда, акнун аллакай […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархи сабикаҳо ё худ “хиштҳо”-и тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози соли равон ба ҳисоби миёна ба андозаи 20% боло рафтанд.

Арзиши сабикаи 5-грамма имрӯз, 17 апрел, 3 ҳазору 745 сомониро ташкил медиҳад, ки 616 сомонӣ зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст. Сабикаи 100-грамма 12 ҳазору 330 сомонӣ (20,4%) гаронтар шуда, акнун аллакай 72 ҳазору 603 сомонӣ нарх дорад.

Аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчунин сабикаҳои ченшудаи вазнашон 10, 20 ва 50 граммӣ низ фурӯхта мешаванд.

Чӣ қадре, ки вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар меафтад ва баръакс.

Масалан, ҳар 1 грамми сабикаи 5-граммӣ ба харидор 749 сомонӣ (68,6 доллар) ва 100-граммӣ бошад, 726 сомонӣ (66,5 доллар) нарх дорад.

Гароншавии сабикаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи мазкур дар пасманзари болоравии нархҳо ба ин фулузот (металл) сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), нархи тилло барои 1 унсия (31,104 гр.) дар давоми ҳамин сол 9,5% боло рафт – аз 1 ҳазору 843 доллар дар аввали сол то 2 ҳазору 019 доллар ба ҳолати 14 апрел боло рафт.

Нархи нисбатан баланди тилоо тайи ду қарни ахир (аз соли 1830 то айни замон) дар Биржаи Лондон 7 августи соли 2020 ба қайд гирифта шуда, арзиши 1 унсия 2 ҳазору 67,15 долларро ташкил дод.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард.

Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дигар ҳуҷҷати иловагӣ талаб карда намешавад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.

Хариду фурӯши сабикаҳои тиллои ченшуда бо асъори миллӣ – сомонӣ анҷом дода мешаванд.

Барои истеҳсоли сабикаҳо аз металл (фулузот)-и дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида истифода мешавад.

Сабикаи харидашударо дар ҳама гуна вақт метавон ба Бонки миллӣ фурӯхт. Муҳимаш бастаи муҳофизат ва таркиби он осеб надида бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.