“Фурсати донистан”: Асосҳои оғоз намудани расмиёти маъмурӣ кадомҳоянд?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи асосҳои оғоз намудани расмиёти маъмуриро баррасӣ карданд. Расмиёти  маъмурӣ тибқи кадом асосҳо оғоз карда мешавад? Асосҳои оғоз намудани расмиёти маъмурӣ […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.

Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи асосҳои оғоз намудани расмиёти маъмуриро баррасӣ карданд.

Расмиёти  маъмурӣ тибқи кадом асосҳо оғоз карда мешавад?

Асосҳои оғоз намудани расмиёти маъмурӣ дар моддаи 27 Кодекси расмиёти маъмури пешбинӣ шудаанд. Мувофиқи талаботи кодекси мазкур асосҳо барои оғози расмиёти маъмурӣ инҳо мебошанд:

  • расмиёти маъмурӣ тибқи аризаи маъмурӣ оғоз карда мешавад;
  • расмиёти маъмурӣ дар асоси  ӯҳдадориҳое, ки қонун дар мавриди қабули санади маъмури ба зиммаи мақомоти маъмури вогузор кардааст.

Зимнан ёдрас менамоем, ки агар шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ба мақоми маъмурӣ бо ариза дар бораи қабули санади маъмурӣ муроҷиат намоянд, пас расмиёти маъмури аз рӯзи бақайдгирии аризаи маъмури оғоз мегардад. Масалан, расмиёти маъмурӣ оиди ҷудо намуди қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд, аз рўзи  ба қайди давлатӣ гирифтани ариза дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин оғоз мегардад.

Расмиёти маъмурӣ оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ, аз рўзи қабул гардидани қарори мақоми маъмурӣ дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ оғоз мешавад.

Аризаи маъмурӣ ба мақомоти маъмурӣ чи тавр пешниҳод  карда мешавад?

Тартиби пешниҳод намудани аризаи маъмури ва мазмуни аризаи маъмурӣ дар моддаҳои 28,29 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудаанд. Мувофиқи талаботи қонун, аризаи маъмури бояд ба мақомоти маъмурие пешниҳод карда шавад, ки салоҳияти ҳалли масъалаи дар ариза гузошташуда ва қабули санади маъмурии дахлдорро дорад.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки тартиби пешниҳоди аризаи маъмурӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда ё пешниҳоди дигар навъ иттилоотро низомномаи (оинномаи) мақомоти маъмурии дахлдор  низ метавонанд, ки муайян намояд.

Мазмуни аризаи маъмуриро кадом талаботҳо ташкил медиҳанд?

Мувофиқи талаботи қонун аризаи маъмури бояд дар шакли хаттӣ таҳия гардад. Дар аризаи маъмурӣ   бояд маълумотҳои зерин дарҷ карда шаванд:

-номи мақомоти маъмурие, ки аризадиҳанда ба он муроҷиат мекунад;

-ному насаб  ва суроғаи аризадиҳанда;

-талаботи аризаи даъвогӣ;

-санаи пешниҳоди ариза ва имзои аризадиҳанда;

-номгўи ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда, дар сурати мавҷуд будани онҳо.

Зимнан ёдрас менамоем, ки ба аризаи маъмури бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ўҳдадории пешниҳод намудани онҳоро қонун ба зиммаи аризадиҳанда вогузор менамояд, замима карда шаванд. Аризадиҳанда ҳақ дорад ҳамаи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки метавонанд барои қабули санади маъмури асос шаванд, пешниход кунад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.