Барзиёд иҷро шудани буҷети давлатии Тоҷикистон мунтазам идома дорад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 9,5 млрд сомонӣ ё худ каме бештар аз 870 млн долларро ташкил дод, ки 5,7% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Даромадҳои пешбинишуда ба буҷет 520 млн сомонӣ барзиёд иҷро шуданд. Сарчашмаи асоии даромади буҷети давлатӣ андозҳо боқӣ мемонанд, ки беш аз 60%-и даромад ба онҳо рост меояд.

Тамоюли ғайримаъмулии мунтазам барзиёд иҷро шудани нақшаи даромади буҷет ҳар моҳ дар Тоҷикистон, пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз дар таҳрири нав аз моҳи январи соли 2022 идома дорад.

Коршиносони мустақил интизор доштанд, ки қонунгузории нави андоз дар аввал боиси коҳиши даромади буҷет мешавад, зеро меъёри бархе аз андозҳо коҳиш ёфт.

Масалан, меъёри ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи пардохтҳо аз андозро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% поин рафт.

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ зикр карданд, ки касри буҷети Тоҷикистон дар соли 2022 асосан аз ҳисоби маблағгузории хориҷӣ пӯшонида мешуд.

“Касри буҷет қисман аз ҳисоби грантҳои шарикони рушд ва воридоти бештари ғайриандозӣ ҷуброн шуд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Қаблан, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар изҳороти намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз рӯи натиҷаҳои сафари навбатӣ ба ҷумҳурӣ зикр гардида буд, ки барои ҷамъоварии андоз дар соли 2022 афзоиши даромад аз бахши истихроҷи маъдан мусоидат кардааст. Онҳо "афзоиши назарраси истихроҷи маъдан ва болоравии меъёри андоз аз даромади ширкатҳои истихроҷи маъданро" зикр карданд.

Ҳамчунин, намояндагони Хазина афзоиши даромади андоз ба буҷетро ба "қадамҳои давра ба давра бекор намудани баъзе аз имтиёзҳои андозӣ" рабт доданд – мутахассисони ХБА ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия доданд, ки аз онҳо комилан даст кашад. Қабл аз ин иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ низ тавсия дода буданд, ки тариқи коҳиши имтиёзҳо низоми андозбандӣ бознигарӣ шавад.

"Ин метавонад заминаи андозро васеъ карда, нобаробариро кам кунад", – зикр шуда буд дар Гузориши хароҷоти давлатии Тоҷикистон, ки ин ниҳод дар охири соли гузашта нашр кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи андози кишвар, даромади буҷети давлатӣ аз андозбандии дохилӣ дар соли гузашта метавонист 25% бештар шавад – пардохтҳо ба маблағи 3,8 млрд сомонӣ (беш аз 370 млн доллар) бинобар пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳои гуногун дар пардохти андоз ҷамъоварӣ нашуданд.

Пешниҳоди имтиёзҳоро дар Кумитаи андоз бо “ҷалби ҳаҷми зиёди сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар” асоснок мекунанд.

Дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлати кишвар ҳудуди 15,4 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) маблағ ворид гардид, ки 537 млн сомонӣ (52 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад. Ҳиссаи даромадҳо аз андоз (бо назардошти пардохтҳои гумрукӣ) дар қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз 65 то 70%-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...