Ҳалокати ду кӯдак дар пайи заҳролудшавӣ аз “консерва” дар Панҷакент

Ду кӯдаки 9 ва 12-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Онҳо узви як оила буда, дигар аъзои хонавода, модари 52-сола бо як кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарианд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду кӯдаки 9 ва 12-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Онҳо узви як оила буда, дигар аъзои хонавода, модари 52-сола бо як кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарианд.

Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ҳодиса 15-уми апрел рух додааст ва 4 узви як оила баъди хӯрдани "консерва"-и помидор, ки бо сирко омода шуда буд, дар рӯзи зодрӯзе яке аз кӯдакон заҳролуд шудаанд.

“Сабаби заҳролудшавии хонавода бемории ботулизм аст. Яке аз кӯдакон дар роҳ ба сӯи беморхона ва дуввумӣ дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Шарипова Роҳила, модари кӯдакон ҳамроҳи тифли дигараш дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати вазнин қарор доранд”, – гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.

Ному насаби кӯдакон дар дасти "Азия-Плюс" ҳаст, аммо бо ишора ба ноболиғ будани ҷабрдидаҳо ва риояи меъёри ахлоқӣ онро нашр намекунад.

Ин ҳодисаи аввал нест, ки хӯриши хонагӣ боиси марги чанд узви як оила мешавад.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.

Ҳодиса рӯзи 11-уми ноябри соли 2022 дар оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода буд.

Ҳамин тариқ, дар беморхонаҳои мамлакат соле даҳҳо нафар бо заҳролудшавӣ бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консерваҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур ва карам гуфта мешавад. Мутаассифона ҳолатҳои ҳалокат ҳам ба қайд гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио