Дар се моҳ аз ҳисоби андоз ба буҷа беш аз 4 млрд сомонӣ ворид гардидааст

Дар се моҳи соли равон ба буҷети кишвар аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4 млрд 58,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 202 млн сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи нақша бояд 3 млрд 856,4 млн сомонӣ ҷамъоварӣ мешуд. Ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи андоз зикр шудааст. Ҳамин тариқ, […]

Asia-Plus

Дар се моҳи соли равон ба буҷети кишвар аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4 млрд 58,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 202 млн сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи нақша бояд 3 млрд 856,4 млн сомонӣ ҷамъоварӣ мешуд. Ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи андоз зикр шудааст.

Ҳамин тариқ, нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои буҷет дар ин давра 105,2 дарсад иҷро шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин давра танҳо шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нақшаи андозро иҷро карда натавонистанд. Онҳо дар се моҳ нақшаро 96 дарсад иҷро кардаанду халос.

“Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра дар ВМКБ ба андозаи 107,2 дарсад, вилояти Хатлон – 101,9 дарсад, вилояти Суғд – 103,8 дарсад,  шаҳри Душанбе – 106,3 дарсад, шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ – 96,0% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ҳисоби корхонаҳои дар  қайди он буда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ  шудааст, 120,1% таъмин карда шуд”, – навиштааст “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андоз.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, мувофиқи он, меъёрҳо аз рӯи баъзе андозҳо поин рафтанд. Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи даромад ба буҷетро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% кам карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2023 афзоиши даромадҳо ба буҷетро ба андозаи 12,3% зиёд кунад. Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023” қисмати даромад ба маблағи 37,1 млрд сомонӣ ва хароҷот – 38,1 млрд сомонӣ тасдиқ шудааст.

Касри Буҷети давлатӣ барои соли 2023 беш аз 1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 0,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.