Ҳалокати як ноболиғ дар Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ

Дар Хоруғ як дучархасавори ноболиғ бар асари бархӯрд бо мошин ба ҳалокат расид, гузориш медиҳад сомонаи ВКД. Гуфта мешавад, садамаи нақлиётӣ рӯзи 18 апрел, тахминан соати 18:30 дар маҳаллаи Тем рух додааст. "Ронандаи мошини "Чангу" Абдураҳмон Лутфишоев, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар микрорайони Тем, идораи мошинро аз даст дода, дучархасавор Фрайдун Давлатназарови 9-соларо пахш […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Хоруғ як дучархасавори ноболиғ бар асари бархӯрд бо мошин ба ҳалокат расид, гузориш медиҳад сомонаи ВКД.

Гуфта мешавад, садамаи нақлиётӣ рӯзи 18 апрел, тахминан соати 18:30 дар маҳаллаи Тем рух додааст.

"Ронандаи мошини "Чангу" Абдураҳмон Лутфишоев, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар микрорайони Тем, идораи мошинро аз даст дода, дучархасавор Фрайдун Давлатназарови 9-соларо пахш кардааст", – омадааст дар хабари ВКД.

Кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

“Ҳоло барои муайян кардани ҷузъиёти ҳодиса тафтишот идома дорад”, – гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 дар кишвар 196 ҳодисаи садама ба қайд гирифта шудааст. Дар онҳо 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.