Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Осорхонаи Айнӣ дар Бухоро китоби нав ҳадя кард

Бахшида ба 145-солагии таваллуди Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик, ба осорхонаи адиб дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро 90 китоби тозанашр ҳадя шудааст. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бахшида ба 145-солагии таваллуди Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик, ба осорхонаи адиб дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро 90 китоби тозанашр ҳадя шудааст. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ирсол гардида, ба ин муассисаи фарҳангӣ дастрас гардидааст.

“Иқдоми мазкур бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Бухоро гирифта шуда, ҳама китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ тақдим гардиданд. Аз ҷумла, як силсила китобҳои “Ахтарони адаб”, назму наср ва бадеӣ дастрас карда шуд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти Осорхонаи Садриддин Айнӣ изҳор доштааст, ки дар арафаи таҷлили 145-солагии устод Айнӣ тақдими адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар самти мукаммал гардонидани фонди Осорхона тӯҳфаи хуб маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, чанде пештар Вазорати маориф ва илм иддао кард, ки як миқдор китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва электронӣ бо забони тоҷикиро тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба тоҷикони муқими ин кишвар равон кардааст.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва як муассисаи олии Ӯзбекистон дар сӯҳбат бо мо ин иддаоро рад карда, гуфтанд, китобе дастрас накардаанд.

Бо гузашт чанд муддат ва нашри мақолаи “Азия-Плюс” ҳоло ҳам маълум нест, ки китобҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии Ӯзбекистон равонкарда, куҷо “ғайб” задаанд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи камбуд ё танқиси китоби тоҷикӣ дар Ӯзбекитон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Тоҷикони шинохтаи ин кишвар борҳо тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии китоб бо забони тоҷикӣ шикоят карда, аз ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хоста буданд, барои дастрас кардани китоб мусоидат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио