Дар Иди саиди Фитр 2 ҳазору 460 маҳбусро дар Афғонистон озод мекунанд

Date:

Роҳбари олии ҳаракати тундгарои “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода дастур додааст, ки ба муносибати ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии Иди саиди Фитр 2 ҳазору 460 нафар маҳкумшудагон раҳо карда шаванд. Дар ин бора, тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи чоршанбе Додгоҳи олии Афғонистон хабар додааст.

“Бо амри пешвои муъминон ва дастури Додгоҳи олӣ аз ҳамаи зиндонҳои кишвар 2 ҳазору 460 нафар маҳкумшудагон зери авф қарор гирифта, озод карда мешаванд”, – гуфта мешавад дар хабари нашршудаи додгоҳ дар Twitter.

Мувофиқи ин амр, ҳамчунин муҳлати ҷазо барои боз 417 нафар маҳкумшудагон кам карда шудааст.

Рӯзи 18 апрел пешвои толибон ба муносибати Иди саиди фитр бо паём муроҷиат намуда, аз ҷумла ишора кард, ки ният надоранд, ки ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат кунанд ва исрор варзид, ки дигар кишварҳо низ ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...