Дар Иди саиди Фитр 2 ҳазору 460 маҳбусро дар Афғонистон озод мекунанд

Роҳбари олии ҳаракати тундгарои “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода дастур додааст, ки ба муносибати ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии Иди саиди Фитр 2 ҳазору 460 нафар маҳкумшудагон раҳо карда шаванд. Дар ин бора, тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи чоршанбе Додгоҳи олии Афғонистон хабар додааст. “Бо амри пешвои муъминон ва дастури Додгоҳи олӣ […]

Asia-Plus

Роҳбари олии ҳаракати тундгарои “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода дастур додааст, ки ба муносибати ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии Иди саиди Фитр 2 ҳазору 460 нафар маҳкумшудагон раҳо карда шаванд. Дар ин бора, тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, рӯзи чоршанбе Додгоҳи олии Афғонистон хабар додааст.

“Бо амри пешвои муъминон ва дастури Додгоҳи олӣ аз ҳамаи зиндонҳои кишвар 2 ҳазору 460 нафар маҳкумшудагон зери авф қарор гирифта, озод карда мешаванд”, – гуфта мешавад дар хабари нашршудаи додгоҳ дар Twitter.

Мувофиқи ин амр, ҳамчунин муҳлати ҷазо барои боз 417 нафар маҳкумшудагон кам карда шудааст.

Рӯзи 18 апрел пешвои толибон ба муносибати Иди саиди фитр бо паём муроҷиат намуда, аз ҷумла ишора кард, ки ният надоранд, ки ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат кунанд ва исрор варзид, ки дигар кишварҳо низ ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.