Тоҷикистон квота барои кормандони хориҷиро муқаррар кард. Аз ҳама зиёд ба Чин расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ дастур дод, ки квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2023 муқаррар карда шавад.

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ин фармон бо мақсади ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон содир шудааст.

Дар фармон дастур дода мешавад, ки квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ барои соли равон бо шумораи 7 ҳазору 500 нафар муқаррар карда шавад.

“Шаҳрвандони хориҷӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории соҳаҳо дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ амалӣ менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд”, – зикр мешавад дар санад.

Мувофиқи санади мазкур 4950 квота (66% аз шумори умумӣ) барои шаҳрвандони Чин, 550 – Афғонистон, 300 – Эрон, 250 – Ӯзбекистон, 230 – Русия, 200 – Туркия, 130-квотагӣ – Қирғизистон ва Покистон, 120 – Ҳиндустон, 100 – Қазоқистон ва 540 квота – барои дигар кишвраҳо пешбинӣ шудааст.

Қисми зиёди хориҷиён (3453 квота) барои кор дар Душанбе, 1572 нафар – дар Ноҳияҳои тобеи марказ, 1235 – вилояти Хатлон, 1090 – вилояти Суғд ва 150 нафар – ВМКБ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Квотаҳои кор барои хориҷиён дар соҳа ва бахшҳои зерини иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд:

– 3038 – сохтмон;

– 2145 – саноати истеҳсолӣ;

– 565 – тиҷорат;

– 230 – кишоварзӣ;

– 195 – маориф;

– 185 – геология;

– 160 – хӯроки умумӣ;

– 125 – нақлиёт;

– 95 – ХМК ва хизматрасонии маишӣ;

– 85 – энергетика;

– 75 – тандурустӣ;

– 74 – алоқа;

– 45 – варзиш;

– 483 – дигар соҳаҳо.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ҳукумат барои ҷалби қувваи кори хориҷӣ ҳамин миқдор квота муқаррар карда буд.

Дар соли 2022 ҳам зиёда аз 60%-и квотаҳо барои шаҳрвандони Чин пешбинӣ гардида буд. Ба кишварҳои вазни қиёсиашон нисбатан бештар дар ин самт ҳамчунин Эрону Туркия, Ӯзбекистону Русия ва Қазоқистон дохил мешуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...