Русия омодагии ҷангии пойгоҳи низомии 201-умро дар Тоҷикистон тақвият мебахшад

Дар пасманзари талоштҳои ИМА ва итифоқчиёнаш дар мавриди барқарор намудани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, Русия сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият медиҳад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, менависад РИА Новости. “ИМА ва иттифоқчиёнашон бо баҳонаи кумак дар мубориза бо терроризм талош доранд, ки ҳузури низомии худро […]

Дар пасманзари талоштҳои ИМА ва итифоқчиёнаш дар мавриди барқарор намудани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, Русия сатҳи омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии худро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тақвият медиҳад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, менависад РИА Новости.

“ИМА ва иттифоқчиёнашон бо баҳонаи кумак дар мубориза бо терроризм талош доранд, ки ҳузури низомии худро дар Осиёи Марказӣ барқарор кунанд. Дархостҳо ба кишварҳои минтақаро дар бораи ҷойгиркунии зербинои низомӣ таҳдиди мустақим ба субот дар паҳнои СҲШ арзёбӣ мекунем”, – иброз доштааст Шойгу рӯзи ҷумъа дар машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Ню-Дели.

“Аз ҷониби худ омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русияро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин дигар неруҳои муовиматро бар зидди таҳдидҳои эҳтимолӣ пурзӯр мекунем”, – илова кардааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Шойгу зикр кардааст, ки "кишварҳои НАТО аз рӯи натиҷаҳои ҳузури бистсолаи худ дар Афғонистон ва хуруҷи шитобкорона масъулияти бештарро барои вазъ дар онҷо бар дӯш доранд”.

“Онҳо бояд хароҷоти асосии молиявии барқароркунии пас аз ҷангро ба дӯш гиранд”, – изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини низомии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар маҳсуб меёбад. Пойгоҳ дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Ҳайати он ҷузъу том ва воҳидҳои низомии гуногун иборат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.