Таҳияи номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти воридотии зарурӣ барои захираҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензини  бар асоси имтиёз дар соли ҷорӣ воридшуда ҷиҳати ташаккули захираҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад. Ба воридоти маҳсулоти зикршуда Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул аст. Бо қарори ҳукумат аз 15 апрели соли равон, ки дар портали иттилооти […]

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензини  бар асоси имтиёз дар соли ҷорӣ воридшуда ҷиҳати ташаккули захираҳои давлатӣ тасдиқ карда шавад.

Ба воридоти маҳсулоти зикршуда Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул аст.

Бо қарори ҳукумат аз 15 апрели соли равон, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, супориш дода мешавад, ки номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки  аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад.

Дар номгӯй маҳсулоти зерин бо ишора ба ҳудуди ниҳоии он дохил шудааст:

– гандум – 70 ҳазор тонна;

– шакар (қанд) – 35 ҳазор тонна;

– орд – 10 ҳазор тонна;

– равғани растанӣ – 2 ҳазор тонна;

– биринҷ – 1 ҳазор тонна;

– бензин – 90 ҳазор тонна;

– сӯзишвории дизелӣ – 90 ҳазор тонна;

– карбамид – 15 ҳазор тонна;

– селитра – 5 ҳазор тонна.

Имтиёздорони соли 2023

Барои бар асоси имтиёз ворид нмудани маҳсулоти дар боло зикршуда ба Агентии зхаираҳои моддии давлатӣ мутобиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023” ҳуқуқ дода шудааст.

Дар қонун ба баъзе корхонаву ташкилотҳои дигар низ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ имтиёзҳои сершумор пешбинӣ шудааст.

Миёни онҳо бинокори меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” зикр шудааст, ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт 18 сол инҷониб сохта мешавад.

Фармоишгар ва паймонкори кулли ин иншооти сохтмонаш тӯлонӣ 50% аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешавад. Воридоти маҳсулоти зарурӣ барои иншооти мазкур бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва 50% ААИ сурат мегирад.

Ба бинокорони Театри миллии Тоҷикистон ва бинои бисёрсоҳавии маъмурӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии қаламрави ноҳияи Сино низ ба ин монанд имтиёзҳо дода шудааст.

Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ”, ки сохтмонаш ҳоло идома дорад, ҳамасола дар рӯйхати имтиёздорон дарҷ мешавад. Сохтмони ин иншоот дар майдони 1,5 гектар аз моҳи марти соли 2006 оғоз шуд. Дар назар буд, ки меҳмонхона тирамоҳи сои 2007 ба истифода мешавад.

Дар қонуни Буҷети давлатӣ барои соли 2023 додани имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ дар 14 банд пешбинӣ шудааст.

Маълумоти муфассал дар ин бора дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.