Prodaft: “Nomadic Octopus” чандин сол инҷониб дар Тоҷикистон ба киберҷосусӣ машғул аст

Asia-Plus

Гурӯҳи ҷосусии "Nomadic Octopus" шабакаи як ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистонро рахна карда, тавассути компютерҳо фаъолияти сохторҳои давлатиро пайгирӣ мекард.

Дар ин бора дар ҳисоботи Гурӯҳи таҳқиқотии Prodaft-и Швейтсария маълумот дода мешавад, ки рӯзи 27 апрел нашр шудааст.

Дар он гуфта мешавад, хакерҳо аз соли 2020 таҳти унвони "Paperbug" корҳои иктишофӣ мебаранд. Ин гурӯҳ мансабдорони воломақоми давлатӣ, хадамоти телекоммуникатсия ва иншооти муҳими ҷамъиятиро ҳадаф қарор додааст.

Муаллифон ному насаби бархе аз шахсони воломақомро нашр кардаанд, ки эҳтимол ҳадафи ин ҳмлаҳои хакерӣ қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, маълумотҳо аз компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти Худоёр Худоёрзода, собиқ вазири нақлиёт, Амирхон Қурбонзода, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон (феълан – муовини раиси шаҳри Душанбе), Саиднахш Раҳмонзода, генерал-майори милитсия, муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдулазиз Шарифӣ, мудири шуъбаи ИДМ дар дастгоҳи иҷроияи президент, Бобишо Холзода, собиқ сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист дар дастгоҳи иҷроияи президент (феълан – раиси ноҳияи Файзобод) дуздида шудаанд.

Киберҷинояткорони Octopus, аз як таъминоти барномавӣ (нармафзор)-и зараровар барои Windows истифода кардаанд. Он зери ниқоби як версияи алтернативии мессенҷери Telegram амал карда, абзори Delphi аст, ки ба ҳамлагар ҷиҳати ҷосусӣ нисбати шахсон, филтри маъълумоти махфӣ ва пайдо намудани дастрасӣ ба низомҳои сервер имкон медиҳад.

Octopus инчунин метавонад скриншоти экранро гирад, дастурҳоро аз фосилаи дур иҷро кунад ва файлҳоро аз хости сироятшуда ба сервери дурдаст бор кунад. Ҳамаи ин ба ҳамлагарон имкон медод, ки бевосита бубинанд, ки соҳибони компютер чӣ менависанд ва дар компютери худ чӣ кор мекунанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки хакерҳо метавонистанд тавассути яке аз ширкатҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон ба ин маълумот дастрасӣ пайдо кунанд. Дар гузориш номи ширкат, инчунин баъзе маълумоти дигар пӯшида аст (ранг карда шудааст).

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин амалиёт намунаи насли нави корҳои ҷосусист. Ин ва дигар навъҳои назорат ва ҷамъоварии иттилоъ собит мекунад, ки фазои маҷозӣ (киберпространство) як таҳдиди нави амниятӣ аст.

Чунин шуморида мешавад, ки хакерҳои “Nomadic Octopus” бахше аз гурӯҳи “DustSquad” буда, аз соли 2014 ба ин сӯ фаъол аст ва асосан аз пайи шахсони ҷудогона ё дипломатҳо дар Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷосусӣ мекунад.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки ба ҷамъоварии маълумот, аз ҷумла истифодаи забони русӣ дар панели идоракунӣ мусоидат мекунад.

“Аз эҳтимол дур нест, ки хакерҳо аз "Nomadic Octopus" метавонанд боз ба ин монанд амалиёт гузаронанд, то ки компютер ва мессенҷерҳои дигар мансабдорони тоҷикро рахна кунанд”, – бар ин назаранд дар Prodaft.

Мақомоти Тоҷикистон ҳоло ин гузоришро расман шарҳ надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...