Тоҷикистониён моҳи май 9 рӯз истироҳат мекунанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон моҳи май бо назардошти рӯҳои ид ва истироҳат 9 рӯз истироҳат мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон. Моҳи май дар Тоҷикистон ду иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад – 1 май ва 9 май (рӯзи сешанбе). Мувофиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, 1 май дар кишвар рӯзи ид аст, […]

Шаҳрвандони Тоҷикистон моҳи май бо назардошти рӯҳои ид ва истироҳат 9 рӯз истироҳат мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Моҳи май дар Тоҷикистон ду иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад – 1 май ва 9 май (рӯзи сешанбе).

Мувофиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, 1 май дар кишвар рӯзи ид аст, лекин бе рӯзи истироҳат. Рӯзи 9 май – дар Рӯзи Ғалаба бошад, рӯзҳои истироҳат 3 рӯз пайдарпай мешаванд.

“9 май ба рӯзи сешанбе рост меояд. Тасмим гирифта шуд, ки рӯзи 6 май расман рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзҳои 7, 8 ва 9 май шаҳрвандон пайдарҳам истироҳт кунанд, – гуфт манбаъ. – Ба ин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин моҳ ҳамагӣ 9 рӯз: 7, 8, 9, 13, 14, 20, 21, 27 ва 28 май истироҳат мекунанд”.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Қобили зикр аст, ки имсол 9 май 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашн гирифта мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки ба муносибати ин ҷашн дар пойтахти Тоҷикистон баргузории чӣ гуна чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.