Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷанни Инфантино дар бораи футболи Тоҷикистон суҳбат карданд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 2 май дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд.

Аз ҷумла мавзӯъҳои мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвари мо, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумат ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.

Аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи  кўдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Пешвои миллат ба  Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё барои мусоидат ва дастгирии доимиашон дар масъалаҳои рушди футболи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол дар оянда низ дар рӯҳияи созандагӣ идома хоҳад ёфт.

Қаблан вохӯрии президенти ФИФА ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир гардид, ки дар он Рустами Эмомалӣ Ҷанни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Дар мулоқоти гарму дӯстона президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкории минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдоме, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тайи солҳои соҳибистоқлолии давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 7400 майдону майдончаҳои варзишӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар таъмиру таҷдид ва бунёд гардидаанд.  Танҳо дар шаҳри Душанбе тайи панҷ соли охир беш аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва айни ҳол дар пойтахти мо беш аз 470 майдону майдончаҳои бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор  доранд.

Айни замон “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» ва “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024" мавриди иҷро қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...