Шаҳри Турсунзода васеъ мешавад. Сокинонро аз тахриби хонаҳояшон огоҳ карданд

Мақомоти шаҳри Турсунзода сокинони маҳаллиро огоҳ кардаанд, ки сохтмони биноҳои иловагиро дар назди ҳавлиҳои худ қатъ кунанд. Гап дар сари он аст, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки ҳанӯз соли 2017 тасдиқ шуда буд, дар ин қитъа бино ва иншооти муосири бисёрошёна сохта мешавад. Қаблан мақомоти шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки то соли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мақомоти шаҳри Турсунзода сокинони маҳаллиро огоҳ кардаанд, ки сохтмони биноҳои иловагиро дар назди ҳавлиҳои худ қатъ кунанд. Гап дар сари он аст, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки ҳанӯз соли 2017 тасдиқ шуда буд, дар ин қитъа бино ва иншооти муосири бисёрошёна сохта мешавад.

Қаблан мақомоти шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки то соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода 537 гектар зиёд шуда, масоҳати умумии қисмати марказии он 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод.

Васеъшавии шаҳр аз ҳисоби заминҳои се ҷамоати гирду атрофи шаҳри металлургҳо сурат мегирад. Ҳадафи аслии нақшаи генералии нав ба берун аз ҳудуди шаҳр баровардани бозори марказӣ мебошад.

То ин дам як қисмати бозор аз қаламрави шаҳр бароварда шуда, дар фурсати наздик бозор пурра барҳам дода мешавад.

Бозори либосу лавозимоти рӯзгори “Варзмол” пурра тахриб шуда, дар ҷойи он сохтмони бинои мактаби хусусӣ ва маҷмааи варзишӣ оғоз шудааст.

Айни замон зиёда аз 60 ҳазор нафар дар шаҳри Турсунзода кору зиндагӣ дошта, норасоии шадиди манзилу боғҳои истироҳат, таваққуфгоҳҳо барои автомашина  ва мактабу кӯдакистонҳо эҳсос мешавад.

Ғайр аз ин, инчунин пешбинӣ шудааст, ки ҳамаи корхонаҳои саноатӣ ба  берун аз ҳудуди шаҳр ба минтақаи махсуси саноатӣ кӯчонида мешаванд. Дар ин минтақа дар ҳоли ҳозир корхонаҳои истеҳсоли алюминий, ноқил, корхонаҳои соҳавӣ ва як қатор корхонаҳои хурди масолеҳи сохтмон амал мекунанд.

Сохтмони корхонаи нави истеҳсоли чинӣ (фарфор) ва корхонаи коркарди партовҳо берун аз шаҳр идома дорад.

Қобили зикр аст, ки шаҳри Турсунзода  ба ҳалқаи III агломератсияи Душанбе дохил шуда, яке аз ноҳияҳои сераҳолӣ мебошад ва ин ҷо мушкили манзил хеле шадид эҳсос мешавад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар аввали сол теъдоди аҳолии ноҳия ба зиёда аз 350 ҳазор нафар расида, дар деҳот барои сохтмони манзил қариб замини мувофиқ намондааст.

Мақомот ният доранд, ки минбаъд ҷудо кардани қитъаҳои заминро маҳдуд карда, ба оилаҳои ҷавон ипотека барои харидории манзилро дар микрорайонҳои шаҳр пешниҳод намоянд.

Барои ҳамин ҳамаи иншооти савдо ва саноатӣ маҳз дар гирду атрофи шаҳр сохта шуда, дар қисмати марказӣ бештар бунёди иншооти истиқоматӣ ва иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар мақомоти иҷроияи шаҳр ба”Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлолият сохтмони ҳудуди 400 иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматии 9 ва 12-ошёнагӣ бо тамоми зерсохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар шуъбаи меъмории шаҳр зикр карданд, ки барои ташвиши сокиноне, ки хонаҳояшон тахриб мешавад, ҳеҷ асосе нест. Оид ба ин масъала комиссия ташкил шуда, ба тамоми арзу шикояти соҳибхонаҳо расидагӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.