Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиш 63 дарсад иҷро шуд

Дар кишвар нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 дарсад иҷро шудааст, хабар медиҳад сомонаи Вазорати мудофиа. Ба навиштаи манбаъ, аввалин шуда нақшаи даъватро шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иҷро кардаанд. Бояд гуфт, ки чанд соли охир ВМКБ қабл аз ҳама нақшаи даъватро иҷро мекунад. Дар шаҳри Душанбе низ […]

Asia-Plus

Дар кишвар нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 дарсад иҷро шудааст, хабар медиҳад сомонаи Вазорати мудофиа.

Ба навиштаи манбаъ, аввалин шуда нақшаи даъватро шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир ВМКБ қабл аз ҳама нақшаи даъватро иҷро мекунад.

Дар шаҳри Душанбе низ нақшаи даъват ба сафи Артиш пурра ба анҷом расидааст.

Миёни шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат низ нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Дар умум, дар ин минтақа то имрӯз наздики 70 дарсад нақшаи даъват иҷро шудааст.

Дар вилояти Хатлон бошад, ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара аз аввалин шуда нақшаи даъватро ба анҷом расонидаанд. Дар миқёси вилоят бошад, нақша наздик ба 60 дарсад иҷро гардидааст.

Вилояти Суғд камтар аз ҳама – 45 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардааст.

Бояд гуфт, ки даъвати баҳорӣ дар кишвар ҳамасола аз 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад.

Даъвати тирамоҳӣ бошад, моҳи октябр оғоз мешавад ва охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон хидмати алтернативӣ низ мавҷуд аст.

Соли 2021 парлумони Тоҷикистон дар таҳрири нав Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни ҳарбӣ бо пардохти маблағи муайян метавонанд дар сафи Артиш хидмати ҳарбии якмоҳаро гузаранд.

Арзиши хидмати алтернативӣ дар артиш 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) мебошад.

Қабули шаҳрвандон ба хизмати алтернативии ҳарбӣ дар доираи квотаи муқарраршуда сурат мегирад ва дар сурати муроҷиати шумораи бештари даъватшавандагон, онҳо метавонанд дар даъвати навбатӣ ба хидмат ҷалб карда шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио