ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо беморхонаи марказии шаҳри Турсунзодаро таъмир карданд

Варақаи иттилоотӣ

ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо иншооти таҷдидгардидаи беморхонаи марказии шаҳри Турсунзодаро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд

Турсунзода – 2 майи соли 2023 – ЮНИСЕФ ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иншооти анҷомёфта ва таҷдидгардидаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзодаро расман ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориданд. Таҷдиди иншооти таъмини об, санитария ва беҳдошт (ТОСБ) ва нобудсозии партовҳои тиббӣ дар шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дар доираи Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, анҷом дода шуд. Илова бар ин дар доираи Лоиҳаи таҷдид бо мақсади дастгирии хизматрасонии босифати тиббӣ таҷҳизоти зарурии лабораторӣ ва лавозимоти тиббӣ дар аввали соли ҷорӣ таъмин карда шуд, то муассиса тавонад ба аҳолӣ хизматрасонии ҳамаҷонибаи тиббӣ пешниҳод намояд.

Маросими супоридани иншоот бо иштироки Амирзода Абдухолиқ Амир, Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раймундас Кароблис, сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Эри Двиведи, Муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Барои иштирокчиён гашту гузори иншоотҳои таҷдидшуда ташкил гардида, дар рафти он навсозӣ ва беҳбудиҳои назарраси дар беморхона анҷомдода намоиш дода шуд.

Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода як муассисаи тиббии муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба наздикӣ ҷиҳати ТОСБ, инфрасохтори нобудсозии партовҳои тиббӣ мавриди беҳбудии мақсаднок қарор дода шуда, бо таҷҳизоти ҳаётан муҳими тиббӣ муҷаҳҳаз гардид. Таҷдид ба самтҳои асосии беморхона, аз ҷумла шӯъбаҳои кӯдакона ва калонсолон, ҳуҷраи ҷомашӯӣ ва ҳоҷатхонаҳои амбулаторӣ нигаронида шуда буд, то дастрасии беморон ва кормандон ба иншооти тоза ва бехатар таъмин карда шавад.

Барои беҳтар намудани инфрасохтори муассиса дар шаҳри Турсунзода корҳои барқарорсозӣ ҳамаҷониба анҷом дода шуданд, ки аз насби як манораи обии дорои ҳаҷми 15 метри мукааб ва инчунин таҷҳизоти гуногуни марбут ба об, аз қабили дастшӯякҳо, раковинаи пӯлодӣ, ваннаҳо ва обгармкунакҳо иборат мебошанд. Барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҳоҷатхонаҳои нав низ гузошта шудаанд. Таҷдид аз андова ва рангубор кардани деворҳо, дар мавриди зарурӣ фаршбандӣ ва рӯйкаш кардани деворҳо ва беҳтар намудани шифти бино иборат буд. Барои таъмин кардани кори муътадили таъминоти об ва корезҳо қубурҳои нав гузаронда, обкашҳо шинонда ва барои нобуд сохтани партовҳои тиббӣ чоҳҳо сохта шуданд. Берун аз муассиса таҷҳизоти сӯзонидани партов насб карда шуд, ки бо симчӯб маҳкам гардидааст.

Шаҳри Турсунзода яке аз 15 муассисаи тиббӣ дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад, ки соли 2022 ҷиҳати ТОСБ барқарор ва бо таҷҳизоти тиббии наҷотбахш таъмин карда шуданд. Нахустин бастаи таҷҳизот барои муассисаҳои тиббии мақсаднок дар соли 2022 харидорӣ (750 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 13 беморхонаҳо) ва тибқи маълумоти зерин ба шуъбаҳои гуногун тақсим карда шудааст: шуъбаи таваллуд (8 ноҳия), шуъбаи ҷарроҳӣ (9 ноҳия), шуъбаи педиатрӣ (9 муассисаи тиббӣ), бемориҳои сироятӣ (6 ноҳия) ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (14 ноҳия). Бо супоридани бомуваффақи иншооти нав барқароршуда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ уҳдадориҳои худро ҷиҳати беҳбудии инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

Ифтитоҳи муассисаи тиббии барқароршуда қабл аз 5-ми май Рӯзи умумиҷаҳонии беҳдоштии дастҳо рост меояд. Ҳадафи асосии иқдоми мазкур ин пешбурди мақсадҳои нигоҳдории ҳусусияти глобалии муҳимияти беҳдоштии дастҳо дар соҳаи тандурустӣ ва  “ягҷоя ҷалби аҳолӣ" барои дастгирии раванди беҳтар намудани масъалаҳои беҳдошти дастҳо дар саросарӣ ҷаҳон мебошад. Беҳбудӣ дар сатҳи глобали имкон медиҳад, ки саломатӣ ва некӯаҳволии ҳамаи аҳолии сину соли гуногун , аз ҷумла ҳифз аз хатарҳои молиявӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиби босифат ва дорувориҳо ва ваксинаҳои бехатар, самаранок ва босифат таъмин карда шаванд.

Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон лоиҳаест, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо мақсади ноилшавӣ ба фарогирии умумҷаҳонии тиббӣ (UHC) маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа барои давраи аз соли 2021 то 2025 бо маблағгузории умумии 52,2 миллион евро пешбинӣ шудааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) се ташктлоти иҷрокунанда мебошанд, ки ба Хукумати Чумхурии Точикистон дастгирии назаррас мерасонанд. Лоиҳа ба таъмин намудани дастрасии хизматрасониҳои асосии тиббӣ барои тамоми тоҷикистониён бе расонидани мушкилоти молиявӣ нигаронида шудааст, ки ҳадафи асосии Стратегияи миллии тандурустӣ то соли 2030 мебошад. ЮНИСЕФ оиди қисмати пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятии лоиҳа, махсусан ҷиҳати дастгирӣ намудани муассисаҳои тиббӣ кор хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...