Ҳамлаи паҳпод ба Кремл. Кумитаи тафтишотии Русия парванда боз кард

Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба Кремл парвандаи ҷиноӣ боз кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти департамент РБК. Бо дастури Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ бо моддаи 205-и Кодекси ҷиноӣ (амали террористӣ) “дар робита ба кӯшиши низоми Киев барои зарба задан ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи президенти Русия дар Кремл" […]

Asia-Plus

Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба Кремл парвандаи ҷиноӣ боз кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти департамент РБК.

Бо дастури Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ бо моддаи 205-и Кодекси ҷиноӣ (амали террористӣ) “дар робита ба кӯшиши низоми Киев барои зарба задан ба ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи президенти Русия дар Кремл" парванда боз гардидааст.

Украина иддаои Русияро рад карда, мегӯяд ба Кремл ҳамла накардааст.

Дар гузориши Кумитаи тафтишотӣ гуфта мешавад, ки ду ҳавопаймои бесарнишин ба сӯи Кремл равона шуданд, аммо дар натиҷаи иқдомҳои саривақтии низомиён ва хадамоти махсус дастгоҳҳо аз кор монданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми май хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки ду ҳавопаймои бесарнишини украинӣ мехостанд шабона ба қароргоҳи президент дар Кремл ҳамла кунанд. Дар он лаҳза Владимир Путин дар он ҷо набуд.

Дафтари матбуотӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки онҳо ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ ва “сӯиқасд ба ҷони президенти Федератсияи Русия” арзёбӣ мекунанд. Дар паёми Кремл тавзеҳ дода шудааст, ки ҷониби Русия "ҳуқуқи андешидани чораҳои ҷавобиро дар мавқеъ ва вақте мувофиқ ҳаққи худ медонад".

Украина ҳама гуна даст доштан дар ҳамларо рад мекунад. Президент Владимир Зеленский гуфт, ки Киев барои дифоъ аз қаламравҳои худ силоҳ надорад ва аз ин рӯ, онро дар ҷои дигар истифода намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.