Дар ВМКБ марди 80-сола ҳангоми чаронидани чорво ба ҷарӣ афтод

Asia-Plus

Рӯзҳои 5-6 май дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи марбут ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух доданд, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва боз 1 каси дигар бедарак шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Нима дуюми рӯзи 5-уми май як сокини 80-солаи деҳаи Тенгхон, ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми чаронидани чорвои калон баногаҳ аз баландии 50-60 метр минтақаи кӯҳи сарозер шуда, бар асари ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, – омадааст дар хабари Кумита.

Ҳодисаи дуюм ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳри Турсунзода рух дода, як сокини 32-солаи деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо мақсади ҷамъоварии туршак ва дигар рустаниҳо ба водии Ҳакимӣ равон шуд, вале бегоҳ барнагашт.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи шаҳр дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯи мардро идома медиҳанд.

Боз як ҳодисаи нохуши дигар нимаи дуюми ҳамин рӯз рух дода, аз сабаби беназоратӣ аз ҷониби волидон як сокини чорсолаи деҳаи Сайёди ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми гузаштан аз болои қубури болои канали Хоҷа-қалъа сарозер ва ғарқ шуд. Ин ҷо низ ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дорад.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки пештар Кумита ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш мекард фарзандони ноболиғи худро танҳо ва беназорат нагузоранд.

“Мутаассифона, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва гӯш надодан ба ҳушдорҳову хоҳишҳо боиси фоҷеа мешаванд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз кулли сокинон хоҳиш мекунад ба тавсияҳо сари вақт мутаваҷҷеҳ шуда, кӯдаконашонро беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...