Осорхона ва нимпайкараи Қиёмиддин Чақалов дар Файзобод

Имрӯз, 6-уми май, барои поси хотири Қиёмиддин Чақалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар назди мактаби зодгоҳаш нимпайкараи ҳунарманд гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин мактаб осорхонае барои ҳунарманд ташкил карда шуд. Дар ин бора журналист Субҳон Ҷалилов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар назди мактаби №35, ки соле пештар ба номи Қиёмиддин Чақалов гузошта […]

Имрӯз, 6-уми май, барои поси хотири Қиёмиддин Чақалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар назди мактаби зодгоҳаш нимпайкараи ҳунарманд гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин мактаб осорхонае барои ҳунарманд ташкил карда шуд. Дар ин бора журналист Субҳон Ҷалилов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар назди мактаби №35, ки соле пештар ба номи Қиёмиддин Чақалов гузошта шуда буд, бо ширкати ҳунармандони театру синамо нимпайкараи ҳунарпеша пардабардорӣ шуд.

“Дар осорхона аксҳову либосҳои Қиёмиддин Чақалов ва осори барои ӯ бахшидашуда ба намоиш гузошта шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қиёмиддин Чақалов хатмкардаи риштаи драма ва кинои Донишкадаи давлатии ҳунари Тоҷикистон буд, ки баъди хатми ин боргоҳ дар соли 1975 то поёни умр дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард.

Ин ҳунарманд дар тетар ва синамои Тоҷикистон нақшҳои мондагоре офаридааст. Нақшҳои “Кӯзагар” аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз  “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”, Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш” ва дар филмҳои “Ашк ва шамшер”- Сияҳсавор, Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” аз нақшҳои баёдмондании ҳунарманд дониста мешаванд.

Ҳамчунин, Қиёмиддин Чақалов дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони ҳунарманди тавоно дар бахши ҳаҷву танз маъруф буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи ҳунари ӯ маҳсуб мешуд. 

Ӯ 28-уми апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, 14-уми апрели соли 2021 дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳумро дар зодгоҳаш ба хок супориданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.