Осорхона ва нимпайкараи Қиёмиддин Чақалов дар Файзобод

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 6-уми май, барои поси хотири Қиёмиддин Чақалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар назди мактаби зодгоҳаш нимпайкараи ҳунарманд гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин мактаб осорхонае барои ҳунарманд ташкил карда шуд. Дар ин бора журналист Субҳон Ҷалилов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар назди мактаби №35, ки соле пештар ба номи Қиёмиддин Чақалов гузошта шуда буд, бо ширкати ҳунармандони театру синамо нимпайкараи ҳунарпеша пардабардорӣ шуд.

“Дар осорхона аксҳову либосҳои Қиёмиддин Чақалов ва осори барои ӯ бахшидашуда ба намоиш гузошта шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қиёмиддин Чақалов хатмкардаи риштаи драма ва кинои Донишкадаи давлатии ҳунари Тоҷикистон буд, ки баъди хатми ин боргоҳ дар соли 1975 то поёни умр дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард.

Ин ҳунарманд дар тетар ва синамои Тоҷикистон нақшҳои мондагоре офаридааст. Нақшҳои “Кӯзагар” аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз  “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”, Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш” ва дар филмҳои “Ашк ва шамшер”- Сияҳсавор, Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” аз нақшҳои баёдмондании ҳунарманд дониста мешаванд.

Ҳамчунин, Қиёмиддин Чақалов дар миёни ҳаводорони ҳунару синамои Тоҷикистон ба унвони ҳунарманди тавоно дар бахши ҳаҷву танз маъруф буд ва ин яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи ҳунари ӯ маҳсуб мешуд. 

Ӯ 28-уми апрели 1945 дар деҳаи Хуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, 14-уми апрели соли 2021 дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳумро дар зодгоҳаш ба хок супориданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...