Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 май дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба дар Маскав иштирок кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

“Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради низомӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди низомиён ва техникаи ҳарбӣ иштирок карданд”, – омадааст дар хабар дафтари матбуоти президент.

Зикр мегардад, ки баъди анҷоми расми паради низомӣ дар Майдони Сурх президенти Тоҷикистонва сарони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 май зимни гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард.

То сафар ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе ҳузур дошт.

Дар паёми шодбошӣ ба ифтихори 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки:

“Мардуми Тоҷикистон, ки дар тӯли асри гузашта бори дуюм ба давраи вазнину ҳалокатбор гирифтор гардида, дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бештар аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон – зиёда аз 150 ҳазор фарзандони худро аз даст доданд, оқибатҳои вазнини аъмоли харобиовари неруҳои экстремистиву террористӣ ва пайомадҳои фоҷиабори ин зуҳуроти нангинро ҳаргиз фаромӯш намекунанд”.

“Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва бо роҳҳои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василаҳои дипломатӣ ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо ҳастем”, – таъкид дошт президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...