Милитсия ҳодисаи оташсӯзии мактабхонро ҳангоми машқҳо таҳқиқ мекунад

Мақомоти милитсия навори видеоеро, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он дида мешавад, ки як мактабхон ҳангоми машқҳо оташ мегирад, таҳқиқ мекунад. Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур рӯзи 6 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст. Гуфта мешавад, дар мактаби зикршуда дар […]

Мақомоти милитсия навори видеоеро, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он дида мешавад, ки як мактабхон ҳангоми машқҳо оташ мегирад, таҳқиқ мекунад.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур рӯзи 6 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст.

Гуфта мешавад, дар мактаби зикршуда дар ин рӯз дар асоси нақша машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.

 “Дар натиҷаи аз ҷониби масъулин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсат дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла чӣ гуна ба либоси мактабхон гузаштани оташ хабар намедиҳад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти ҷумҳуриявии оташнишонӣ хабар доданд, ду нафаре, ки ба хомӯш кардани оташ талош доштанд, хонандагони синфҳои болоии ҳамин мактаб мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.