CPJ бори дигар озодии Хуршед Фозиловро талаб кард

Date:

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) бори дигар раҳоии хабарнигор Хуршед Фозиловро талаб кард.

Ин созмони воқеъ дар Ню-Йорк рӯзи 8-уми май гуфт, блогерону рӯзноманигорони дигари зиндонӣ дар Тоҷикистон низ озод карда шаванд.

“Ҳафтаи равон аз боздошти Хуршед Фозилов ба иттиҳоми дурӯғини узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ду моҳ гузашт,” – омадааст дар эъломияи созмон.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Ӯро ба узвият дар созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон гумонзад кардаанд. Ин банди қонун аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад.

Худаш иттиҳомро напазируфта, баръакс, аз боздошти худсарона, риоя нашудани дахлнопазирии шахсӣ ва эътирофи маҷбурӣ ба Додситонии вилояти Суғд шикоят кардааст.

Аз моҳи майи соли гузашта то оғози имсол 7 хабарнигору блогери тоҷик дастгир ва ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти хабарнигорон танқид карда, озодии онҳоро хостанд, аммо акси садое нагирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...